Абдухайр Бадалов
![]() |
Абдухайр Бадалов | |
---|---|
Абдухайр Бадалов | |
Таърихи таваллуд: | 10 май 1949 (72 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | химия |
Ҷойҳои кор: | Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои химия |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Институти химиявӣ - технологии шаҳри Маскав, ИҶШС |
Абдухайр Бадалов — доктори илми химия (1993), профессор (1995).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Институти химиявӣ - технологии шаҳри Маскавро соли 1970 ба итмом расонда, фаъолияташ пурра дар Институти политехникии Тоҷикистон гузаштааст. Вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсент (1970-1992), мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ (1992-2003), ноиби ректор оид ба илмро (2003-2006) иҷро намуда, аз соли 2007 декани факултаи химияи технологӣ ва металлургияи ҳамин боргоҳи илмро адо кардааст.
Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Ба тавсифи термодинамкии пайвастҳои химиявӣ шуғл варзида, қонуниятҳои тағйири пайвастҳои гидриидӣ ва гидрофтродӣ (галогенитҳо, онидҳо, нитридҳо, борогиридҳо, лантаноидҳо ва ғайра), хусусиятҳои термикии зиёда аз дусад интерметаллидҳои системаи алюминии лактаноидҳоро муайян сохтааст. Тақрибан сад пайвасти гидридӣ ба даст овардааст. Теъдоди таълифолаш аз сад мегузарад.
Осор[вироиш | вироиши манбаъ]
- Термодинамика комплексных алюмогидридов некоторых щелочных и щелочноземельных металлов. – Минск., 1984;
- Синтез, термическая устойчивость и термодинамические характеристики гидридных соединений бора и алюминия: Дисс… доктора химич. наук. – Ташкент., 1992;
- Физико – химические свойства простых и комплексных гидридов элементов I А, II А групп и редкоземельных металлов. – Д., 1994;
- Теплофизические и термодиалические свойства водных растворов гидрозина и фенилгидрозина. – Д., 2007;
- Слова об академике У. Мирсаидове. – Д., 2007;
- Ҳазору як мисолу масъалаҳои санҷиш аз химия. – Д., 2010.
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- Pages which use a template in place of a magic word
- Мақолаҳои ятим
- Зодагони 10 май
- Зодагони соли 1949
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Айнӣ
- Докторони илмҳои химия
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Кимиёшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ