Абдухалил Холиқзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдухалил Холиқзода
Сурат
Таърихи таваллуд 20 декабр 1966(1966-12-20) (57 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша корофарин, нависанда

Абдухалил Холиқзода (Абдухалил Холиқов; зод. 20 декабри 1966, рустои Панҷрӯд, ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — нависанда ва соҳибкори тоҷик. Раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

20 декабри соли 1966 дар рустои Панҷрӯди шаҳри Панҷекати вилояти Ленинобод ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рустои зодгоҳаш дар соли 1983 ба факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуд. Пас аз хатми соли аввали донишгоҳ ба сафи артиши шӯравӣ даъват шуд ва пас аз итмоми хидмати дусолаи сарбозӣ таҳсил дар донишгоҳро идома дод. Дар давоми таҳсил давраи коромӯзии яксоларо дар Ҳинд анҷом дод. Хатми донишгоҳ дар соли 1992 бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мусодиф омад ва Абдухалил Холиқзода то ҳадде маҷбур шуд ба тиҷорат (фурӯши пахта) машғул шавад.

Дар соли 2008 ҳамроҳ бо сармоягузори эронӣ Бемористони байналмилалии Ибни Синоро таъсис дод, ки ҳоло беҳтарин бемористон дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Абдухалил Холиқзода ҳоло раиси ҳайати мудирони Бемористони байналмилалии Ибни Сино аст[2].

Нависандагӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

«Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон

Абдухалил Холиқзода пайваста дар мавзуъҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ахлоқӣ мақолаҳои таҳлилӣ менависад, ки дар матбуоти кишвар ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ чоп шудаанд. Ҳамчунин муаллифи китоби «Моҷарои рафта» (соли 2018) аст[3], ки дар ин китоб зиндагии хешро дар пайванд бо таҳаввулоти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар ба риштаи таҳрир даровардааст. «Моҷарои рафта» соли 2019 дар Эрон низ ба чоп расид[4][5].

Хонавода[вироиш | вироиши манбаъ]

Оиладор. Соҳиби 7 фарзанд — 4 писар ва 3 духтар аст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Абдухалил Холиқзода. Моҷарои рафта. — Д.: «Мастер-принт», 2018. — 260 с. — ISBN 978-99975-09-12-3[6]
  • Холиқзода Абдухалил. Ҳаводиси рӯзгори ман[7]. — Д.: «ЭР-граф», 2023. — 288 с. — ISBN 978-99985-1-048-7

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Абдухалил Холиқзода - Ҳайати мудирон(тоҷ.). bis.tj. Бемористони Ибни Сино. 7 май 2021 санҷида шуд.
  2. Абдухалил Холиқзода: "Як хатои хурд кишварро ба фоҷиаи бузург мекашонад" ВИДЕО(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 7 май 2021 санҷида шуд.
  3. کتاب «ماجرای رفته» در وبگاه پژوهشگاه(форсӣ). پژوهشگاه فرهنگ فارسی تاجیکی.
  4. خالق‌زاده, عبدالخلیل (1397). ماجرای رفته (in форсӣ). آرون. p. 242. ISBN 978-964-231-649-6. 
  5. ماجرای رفته. فرهنگستان زبان و ادب فارسی.
  6. Моҷарои рафта(тоҷ.). ravshanfikr.tj. 7 май 2021 санҷида шуд.
  7. Муллораҷаб Юсуфӣ, Амир Исоев. "Ҳар кӣ мансабу зӯри бозу дошт, бузург дониста мешуд"(тоҷ.), Радиои Озодӣ (15 марти 2023). Проверено 16 марти 2023.