Абдушариф Боқизода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдушариф Боқизода
Шариф Боқиев
Абдушариф Боқизода дар соли 2016.
Абдушариф Боқизода дар соли 2016.
Таърихи таваллуд 10 январ 1964(1964-01-10) (60 сол)
Зодгоҳ Қаротегин, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ диншиносӣ
Ҷойҳои кор Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В.Ломоносов (1994), Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2008)

Абдушариф Боқизода (Боқиев Шариф; тав. 10 январи 1964, Қаротегин, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ховаршинос, донишманд ва пажӯҳишгари улуми исломӣ. Муаллифи рисолаҳои «Фиқҳи исломӣ» ва «Тафсири навини Қуръони карим».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдушариф Боқизода 10 январи соли 1964 дар Қаротегин ба дунё омадааст. Падару модараш аз аҳли илму фазл ва огоҳ аз донишҳои адабию илмии калассикӣ будаанд. Аз ин рӯ тарбияти падар дар роҳи илмии вай муассир будааст. Баробари таҳсил дар мактаби миёна, ҳамчунин дар назди чанде аз шахсиятҳои маъруфи мазҳабӣ дар Рашту Кофарниҳону Душанбешаҳр таҳсили илм карда, ба улуми сарфу наҳв, фасоҳату балоғат, тафсиру аҳодис ошно шуд ва тадриҷан ба таснифот пардохта, чанд рисолаеро манзури умум кард. Нахустин асараш «Ислом раҳнамои халқҳо» аст, соли 1985 чоп шуд.

Таҳсилоти олӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдушариф Боқизода соли 1994 риштаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ва соли 2008 риштаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст..

Таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]

  • «Ислом раҳнамои халқҳо» (1985)
  • «Таърихи ислом» (дар ду ҷилд, 1988)
  • «Ошноӣ бо Қуръон» (2004)
  • «Ҳаҷ» (2006)
  • «Рӯзаи моҳи Рамазон» (2006)
  • «Закот» (2007)
  • «Панднома ва ё насиҳатномаи Имоми Аъзам (рҳ) Бойгонӣ шудааст 2 марти 2021  сол.» (2009)
  • «Имоми Аъзам бузургмарди таърихи башарият» (2009)
  • «Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ» (2011)
  • «Тафсири навини Қуръони карим» (2006, 2009, 2011)

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • «Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ», — Лоҳур: Lahoria Book Banding in Company, 2011. — 798 c.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]