Абдушукур Абдусатторов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдушукур Абдусатторов
Абдушукур Абдусатторов
Санаи таваллуд:

28 апрел 1954

Зодгоҳ:

Конибодом, ҶШС Тоҷикистон СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

филология

Ҷойҳои кор:

Маркази методии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ ва корҳои маданию маърифатӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, СССР

Абдушукур Абдусатторов - олим, доктори илмҳои филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2000)

Зиндагинома[вироиш]

Абдушукур Абдусаттор (Абдусатторов) 28 апрели соли 1954 дар шаҳри Конибодом ба ҷаҳон омадааст. Соли 1976 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар давоми солҳои 1976-1994, ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёнаи Ҳисору Конибодом, муҳаррир ва мудири шуъбаи Маркази методии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ ва корҳои маданию маърифатӣ, котиби масъули маҷаллаи «Адаб» адои вазифа намудааст. Аз соли 1994 дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Эҷодиёт[вироиш]

Аз солҳои ҳаштодуми қарни бистум мақолаву гузоришоти ӯ дар масъалаҳои мухталифи адабиёти гузашта ва муосири тоҷик мунтазам чоп мешаванд. Беҳтарин навиштаҳояш дар китобҳои «Руъияти Қуръон дар шеър» (1998), «Ҷилои ситораҳо» (2000), «Арабият ва адабиёти аҳди Ғазнавиён» (2002), «Равобити адабии Арабу Аҷам дар асри XI» (2004), «Асрори шеъри марғуб» (2004) ва ғ. фароҳам омадаанд. Таъдоде аз мақолаҳояш дар Эрону Афғонистон ба табъ расидаанд. Дар таҳлил ва нашри осори шоирони аҳди Сомониён, мунтахаботи Сӯзании Самарқандӣ, мухтасари осори илмии Забеҳуллоҳи Сафо, баргузидаи рубоиёти шоирони форсу тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.[1]

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Муаллифи зиёда аз 300 мақола ва рисолаҳои илмӣ-оммавӣ оид ба масъалаҳои адабиёти гузашта ва муосири тоҷик: «Фазоили Қуръон» (1992), «Талмеҳ дар шеъри аҳди Сомониён» (1998), «Шоирони аҳди Сомониён» (1999; ҳамроҳи Х. Шарифов), «Қиссаи подшоҳони Сомонӣ» (1999; ҳамроҳи Х. Шарифов). Дар таҳия ва ба чоп омода сохтани ду ҷилди аввали китоби «Таърихи адабиёт дар Эрон»-и Забеҳуллоҳи Сафо иштирок кардааст (2001, 2006). Инчунин «Таърихи адабиёти араб» (2009) ва «Мунтахаби девон»-и Сӯзании Самарқандиро ба чоп расонидааст (2009). Ӯ бо тахалл. Беҳрӯз шеър ҳам эҷод мекунад, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои «Навсафар» (1985), «Кокули бом» (1985), «Хордас­та» (1987), «Сарчашмаи бадбахтиҳо» (1987), «Нешханд» (1990), «Эй нашъа балои ҷон шудастӣ» (2002) ва ғ. ба табъ расидаанд.[2]

Сарчашма[вироиш]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 18 ISBN 978-99947-2-379-9
  2. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 1. А-АСОС – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2012- с. ?