Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдуқодири Абдуқаҳҳор
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд Талбаков Абдуқодир Абдуқаҳҳорович
Таърихи таваллуд 15 декабр 1967(1967-12-15) (52 сол)
Зодгоҳ деҳаи Баҳористон, ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Пеша рӯзноманигор
Ҷоизаҳо

Ордени «Шараф»

Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Талбаков Абдуқодир Абдуқаҳҳорович; тав. 15 декабри 1967, деҳаи Баҳористон, ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб) — рӯзноманигори саршиноси тоҷик. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш]

Абдуқодир Талбаков 15 декабри соли 1967 дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ӯ таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумиро солҳои 1975—1985 дар мактаби миёнаи умумии № 19-и зодгоҳаш гирифтааст. Солҳои 1987—1989 дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хидмати ҳарбӣ кардааст. Соли 1990 ба факултети Филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1995 онро бо муваффақият ба анҷом мерасонад.

Фаъолияти корӣ[вироиш]

Абдуқодири Абдуқаҳҳор фаъолияти меҳнатиашро аз Телевизиони Тоҷикистон оғоз карда, беш аз 10 сол дар онҷо кору фаъолият кардааст: Солҳои 1995—1998 — муҳаррири саридораи «Ахбор»-и Телевизиони Тоҷикистон; солҳои 1998—1999 — муҳаррири калони идораи иттилооти-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон; солҳои 1999—2001 — муовини сармуҳаррири идораи иттилоотӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон; солҳои 2001—2002 — сармуҳаррири идораи иттилоотӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон; солҳои 2002—2002 — муҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон; солҳои 2002—2004 — шореҳи идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон; солҳои 2004—2005 дар вазифаҳои муҳаррири варзидаи барномаҳои «Субҳ», сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилооти-таҳлилӣ ва муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2006 то 2012 директори Радиои Тоҷикистони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 2012 то 2014 сарварии Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт»-ро бар ӯҳда дошт.

Аз феврали соли 2014 то майи соли 2015 сардори шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе буд. Аз моҳи майи соли 2015 то ҳол вазифаи директори Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутиро ба ӯҳда дорад[1].

Вакили Маҷлиси вакилони халиқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъвати чорум мебошад. Дар таҳияи чандин филмҳо нақш дорад.

Ҷоизаҳо[вироиш]

Соли 2010 бо ордени Шараф дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.

Оила[вироиш]

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд: 2 духтар ва як писар аст.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Абдулқодири Абдуқаҳҳор раиси Китобхонаи Лоҳутӣ шуд. Радиои Озодӣ. 7 ноябри 2017 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш]

Сарчашма[вироиш]