Абдуқодири Раҳим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуқодири Раҳим
Абдуқодир Раҳимов
Таърихи таваллуд: 17 январ 1961(1961-01-17) (63 сол)
Зодгоҳ: Кафтархона, Восеъ, ҶШС Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Медали «Хидмати шоиста» (2010)

Абдуқоди́ри Раҳи́м (Абдуқодир Раҳимов; тав. 17 январи 1961, Кафтархона, Восеъ, ҶШС Тоҷикистон) — шоири тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҳимов Абдуқодир 17 январи соли 1961 дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст.

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ҷумҳуриявии ноҳияи Ленин (1979) ва факултети филологияи тоҷики УДТ (1984).

Фаъолияти корӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Корманди телевизиони тоҷик (1984-85), омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ноҳияи Комсомолобод (1985-87), хабарнигор, котиби масъули рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ (1987 — 90), муҳаррири калон, мудири шуъбаи маҷаллаи «Фарҳанг» (1990-93), мухбири газета «Ҷумҳурият» (1993 — 99) буд. Аз соли 1999 мудири шуъбаи фарҳанги ҳамин нашрия.

Фаъолияти эҷодӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти эҷодии Абдуқодири Раҳим охири солҳои 80 садаи XX оғоз шуд. Беҳтарин намунаҳои осораш дар маҷмӯаҳои ашъор ва нигоштаҳои мансури «Дурӯғи шабнам» (1993), «Чароғи ошноӣ» (1997), «Ҷилваи як нола» (1998), «Нусхаи парешонӣ» (2000), «Рӯшноӣ» (2003), «Фиреби меҳр» (2003), «Хилвати Ойина» (2005), «Духтари афсонаҳо» (2006) гирд омадаанд. Мавзӯи ашъори Абдуқодири Раҳим васфи Ватан инсондӯстӣ, зебоиҳои табиати кишвар, ишқу ҷавонӣ, андешаҳои фалсафӣ дар бораи маънии зиндагӣ ва ғайра мебошанд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуқодири Раҳим — дорандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳумати ҶТ (1995), узви ИЖ Тоҷикистон (1994). Бо медали «Хидмати шоиста» (2010) сарфароз гардидааст. Аз соли 1994 узви ИН Тоҷикистон.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]