Абдуқодири Ҳофиз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуқодири Ҳофиз
Абдуқодири Ҳофиз
Таърихи таваллуд 1858
Зодгоҳ Истаравшан
Таърихи даргузашт 1943(1943)
Пеша(ҳо) сароянда,оҳангсоз – таронасоз

Абдуқодири Ҳофиз (машҳур ба Қодирӣ) – сароянда, оҳангсоз-таронасоз, мусиқидон, шоир, намояндаи машҳури ҳавзаи иҷроии Истаравшан .

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуқодири Ҳофиз аз овони ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ ворид шуда, маҳорати иҷроияшро дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд такмил дода, ба пояи асосгузори сулолаи мутрибони ҳирфаии Қодириён расид. Абдуқодири Ҳофиз дар иҷрои шохаҳои созию овозии "Шашмақом" – "мушкилот", "наср", "савт", "гар-дун", "тарҷеъ", "талқин" маҳорати баланд дошт ва барои такмили дониши назарқ ва амалиаш бо Қорӣ Каромати Дилкаши Танбӯрӣ (1851-1906), Бобо Ҷалол (1845-1928), Бобо Ғиёс (1859-1927), Лоӣқ Абдулазиз (1852-1936), Содирхон (1847-1931) ва диг. ҳамкории эҷодӣ дошт. Абдуқодири Ҳофиз дар ҳавзаи иҷроии Истаравшан анъанаи баёзнигории "Шашмақом"-ро идома дода, ба тадвини "Баёзи Абдуқодир" комёб шудааст. Анъанаи иҷроию эҷодии Абдуқодири Ҳофизро писараш Абдурасули Ҳофиз (1919-1989) ва набераҳояш Камол ва Ҷамол Қодирӣ идома додаанд.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Таджикская музыка. - Душанбе, 2003;
  • Ҳакимов Н. Шашмқом дар қарни ХХ. - Хуҷанд, 2006.

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. - Душанбе, 2009. - с. 13 - 14 ISBN 978-99947-49-13-3