Абдуҷаббор Зардиев
Абдуҷаббор Зардиев |
|---|
Абдуҷаббор Зардиев (зод. 4 сентябри 1947, деҳаи Сариёзии Миёна, ноҳияи Кӯлоб) — ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ. Корманди шоистаи Тоҷикистон (1996), Шаҳрванди ифтихории шаҳри Кӯлоб (2002).
ЗИндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1970). Иқтисодчӣ, сариқтисодчӣ (1971—1978), ҷонишини раиси колхози «Ленинград» (ҳоло хоҷагии ба номи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ)-и ноҳияи Кӯлоб (1978—1982), раиси хоҷагии ба номи Мирсайид Алии Ҳамадонии ноҳияи Кӯлоб (1982—2004), раиси шаҳри Кӯлоб (2004—2007). Аз соли 2007 роҳбари хоҷагии ба номи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ. Хоҷагӣ дар солҳои сарварии Абдуҷаббор Зардиев ҳамчун яке аз хоҷагиҳои калонтарини махсуси тухмипарварӣ дар соҳаҳои пахтакорӣ, ғаллакорӣ ва парвариши чорвои зотӣ ба мактаби таҷрибаи пешқадам табдил ёфт. Аксари хоҷагиҳои ҷумҳурӣ бо тухмиҳои хушсифат ва чорвои зотии парваридаи ин хоҷагӣ таъмин карда мешуданд. Хоҷагии мазкур таҳти роҳбарии Абдуҷаббор Зардиев соли 1995 яке аз аввалинҳо шуда дар соҳаи пахтакорӣ ба тариқи таҷриба ба кишт ва коркарди байни қаторҳои 90-сантиметра гузашт, ки ин амал натиҷаи хуб дод. Бо ташаббус ва роҳбарии Абдуҷаббор Зардиев 650 га замини бекорхобидаи ноҳияи Бешкент (ҳоло Носири Хусрав) аз худ карда шуд.
Вакилӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдуҷаббор Зардиев Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 1), узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъватҳои 1 ва 2) буд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои «Дӯстии халқҳо», «Исмоили Сомонӣ» ва медали «Барои меҳнати шоён» сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зардиев Абдуҷаббор // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.