Аберратсияи системаҳои оптикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Аберратсияи системаҳои оптикӣ — хатоӣ ё нуқсонҳои тасвир дар системаҳои оптикӣ. Дар натиҷаи аберратсияи системаҳои оптикӣ тасвирҳои оптикӣ дар баъзе мавридҳо возеҳу равшан набуда, ба асли воқеиашон монанд нестанд ё канорҳояшон ранга мебароянд. Навъҳои маъмулаш инҳоанд: аберратсияи куравӣ (сферавӣ) – ноқисии тасвирҳои оптикӣ, ки дар натиҷаи он шуоъҳои рӯшноии аз наздикии меҳвари оптикӣ ва дуртар аз он гузаранда дар як нуқта ҷамъ намеоянд. Ин нуқсонро бо истифодаи комбинатсияҳои махсус интихобшудаи линзаҳо пурра бартараф кардан мумкин аст; кома – нуқсони тасвири оптикиест (тасвири нуқта намуди доғи ғайрисимметрии дарозрӯяро мегирад), ки дар натиҷаи каҷхатта гузаштани шуоъҳои рӯшноӣ аз системаи оптикӣ ба амал меояд; астигматизм – ҳодисаи оптикиест, ки мавҷи рӯшноии куравӣ дар вақти гузаштан аз системаи оптикӣ шаклан тағйир ёфта, ба дастаи нури мураккаб табдил меёбад. Дар натиҷа шуоъҳо ҳамдигарро на дар як нуқта, балки дар ду порчаи хати рост, ки дар ягон масофа нисбат ба ҳамдигар амудӣ ҷойгиранд, мебуранд; дисторсия – гуногунии калонкунии хаттӣ дар ҳудуди майдони тасвир, ки боиси вайроншавии монандии геометрии байни объект ва тасвири он мегардад. Дар системаҳои оптикӣ дар як вақт якчанд намуди аберратсия рух медиҳад, ки бартараф намудани онҳо душвор аст. Навъҳои зикршудаи аберратсияи системаҳои оптикӣ аберратсияҳои геометрӣ мебошанд. Ғайр аз ин аберратсияи хроматикӣ (ранга) мавҷуд аст, ки пайдоиши он ба вобастагии нишондиҳандаи шикаст ба дарозии мавҷи рӯшноӣ вобаста мебошад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.