Абзори ҳосилавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Абзори ҳосилавӣ (дериватив или derivative) - шартномае (қарордод) мебошад, ки аз рӯи он тарафҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд ё ӯҳдадор мешаванд, ки нисбат ба дороии пойгоҳӣ амалҳои муайянро анҷом диҳанд. Дороии пойгоҳӣ метавонад коғази қиматноки молиявӣ, индексҳо, фоизҳо, рейтинги қарзӣ, ашёи хом, асъор, мол, металлҳои қиматбаҳо ва ғайра бошад.[1]

Намудҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Шартномаҳои ҳосилавӣ "ғайрибиржавӣ" ё биржавӣ буда метавонанд.[2] Дар варианти аввал, андозаҳои деривативҳо, инчунин мавҷудият ё набудани маржин-колл байни тарафҳо озодона (маъмулан, ҳадди аққал яке аз онҳо муассисаи молиявӣ мебошад), бидуни ягон стандартикунонии шартномаҳо ба мувофиқа оварда мешаванд. Дар варианти дуюм - деривативаҳои биржавӣ - андозаҳои шартнома аз тарафи биржае, ки дар он абзорҳо ба савдо мебароянд, бо маржин-колли ҳатмӣ стандартӣ карда мешаванд. Илова бар он, дар намуди мазкур биржа ҳамеша яке аз тарафҳои гуфтушунид буда, барои анҷом додани ҳамаи амалиёт масъул аст. Инчунин тавассути CFD (қарордод барои фарқияти нархҳо) савдо кардан мумкин аст. Ин намуди қарордод фишанги бештари молиявиро таъмин мекунад, зеро дар оғози амалиёт пардохт намудани миқдори ками пули нақд талаб карда мешавад ё тамоман талаб карда намешавад.[3]

Намудҳои асосӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Форвард – харидор ва фурӯшанда уҳдадор мешаванд, ки дар оянда миқдори муайяни мол (мол ё дороиҳои молиявӣ)-ро бо нархе, ки дар рузи бастани шартнома муқаррар шудааст, бихаранд ё фурушанд.[4]

Фючерс шартномаест, ки дар он хариду фурӯши дороиҳо бо нархи додашуда ба санаи оянда муқаррар карда мешавад.[5]

Шартномаи опсионӣ шартномаест, ки ба харидорон ё фурӯшандагон ҳуқуқ медиҳад, аммо он ӯҳдадорӣ намебошад, ки дороии дахлдорро дар оянда (муҳлати анҷоми опсион) бо нархи пешакӣ муқарраршуда (нархи фурӯши опсион) харанд ё фурӯшанд.[6]

Своп шартномаест, ки ҷараёни пардохтҳои байни тарафҳоро ба санаҳои гуногуни оянда муайян мекунад.[7]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Derivative Definition. investopedia.com. 10 марти 2022 санҷида шуд.
  2. A Basic Guide To Financial Derivatives. forbes.com. 10 марти 2022 санҷида шуд.
  3. CFD brokers. comparebrokers.co. 10 марти 2022 санҷида шуд.
  4. What is a Forward Contract?. corporatefinanceinstitute.com. 10 марти 2022 санҷида шуд.
  5. Who Is Trading in the Futures Markets and Why It Matters. agecon.unl.edu. 10 марти 2022 санҷида шуд.
  6. What is an option?. investopedia.com. 10 марти 2022 санҷида шуд.
  7. Regulators are looking at the vastly complicated, fast-growing world of credit derivatives. money.cnn.com. 10 марти 2022 санҷида шуд.