Абстраксия
Абстраксия — (аз лотини abstractio – ҷудо карда гирифтан), таҷрид, як навъи фаъолияти тафаккур.
Зимни он фард (субъект) аз маҷмӯи хосиятҳо нишонаҳои асосии ашё (объект)-ро ҷудо карда гирифта, аз он мафҳум ва тасаввур месозад ва аломату хусусиятҳои дуюмдараҷаю камаҳамиятро сарфи назар менамояд. Масалан, одам дар бораи ашёи монанду якхела фикр карда, аз бузургию андоза, шакл, ҳаракат, истифодаи онҳо дар ҳаёт ва ғайра дур шуданаш мумкин аст. Абстраксия маъмулан ҳангоми инъикоси ҳодисаҳои олами моддӣ пайдо мешавад. Он ҷиҳати назариявии образҳои воқеиро пурра мегардонад. Усули таҷрид усули умумии дониш аст. Он ҳам ба маънои субъективӣ (ҳама чизро ба мақулаи мантиқӣ гардондан) ва ҳам ба маънои объективӣ (ифодаи қонуниятҳои табиату ҷамъият) заминаи мантиқии фаҳмиши олами воқеӣ мебошад. Бе Абстраксия дониши илмӣ, тадқиқи моҳияту қонуниятҳои олами воқеӣ имконнопазир аст. Абстраксия ҳаду андоза дорад ва ҳудуди онро моҳияту табиати ашёи омӯхташаванда ва таҷрибаи инсон муайян мекунад. Аз ин ҳад гузаштан боиси аз воқеияти аслӣ дур шудани фикр ва ба вуҷуд омадани ҳар гуна хаёлот мегардад. Абстраксия шарти зарурии ташаккул ва инкишофи илму маърифати илмӣ мебошад. Меъёри ҳақиқӣ ва маҳсулнокии Абстраксия таҷриба аст. Дар кӯдак фаъолияти таҷридӣ аз фаъолияти таҷрибавии ӯ сар карда ташаккул меёбад ва дар синни мактабӣ қобилияти Абстраксиякунонӣ меафзояд. Минбаъд зимни таҳлилу муқоиса ва диг. амалҳои зеҳнӣ қобилияти таҷрид тараққӣ ва инкишоф меёбад. Абстраксия дар раванди таълим норавшан ифода кардани фикр аст. Ғайр аз ин, Абстраксия дар таълим ба маънои мафҳуми муҷаррад, хосият ва нишонаҳои мушаххаси як ашёро аз худи ҳамон ашё ҷудо кардан низ меояд. Абстраксия дар якҷоягӣ бо диг. равандҳои фикрӣ роҳи дарк намудан ва кушодани қонуниятҳо мебошад. Чунки аз аломатҳои дуюмдараҷа ҷудо кардани хосияти асосӣ танҳо дар натиҷаи ба ашё аз рӯи вазифаҳои муайян ва мақсади мушаххас наздик шудан имконпазир мегардад. Абстраксия дар кори фикрии хонандагон дар ҳамаи давраҳои аз худ кардани дониш, маҳорат ва малака мушоҳида мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.