Валволиҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абуабдуллоҳи Валволиҷӣ)
Абуабдуллоҳи Валволиҷӣ
Муҳаммад ибни Валволиҷии Марвазӣ маъруф ба Навоеҳӣ
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Абуабдуллоҳи Валволиҷӣ (Муҳаммад ибни Валволиҷии Марвазӣ маъруф ба Навоеҳӣ) — Шоири форс-тоҷик (асри 10).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз сарчашмаҳои адабӣ бармеояд, ки вай дар аҳди Сомониён умр ба сар бурда, дар шоирӣ мартабаи баланд доштааст. Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Лубоб-ул-албоб» менависад: «Дар аҳди Яминуддавла Маҳмуд ҷумлаи фузало хостанд, ки ду байти форсии ӯро ба тозӣ тарҷума кунанд, касеро муяссар нашуд, то он гоҳ ки Хоҷа Абулқосим – писари вазир Абулаббоси Исфароинӣ онро ба тозӣ тарҷума кард, чунонки ҳамаи фузало биписандиданд».

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз мероси адабии Абуабдуллоҳи Валволиҷӣ то замони мо ҳамагӣ ду порчаи шеърӣ (дар ҳаҷми 4 байт) боқӣ мондааст. Ин қитъа аз ӯст:

Симдандонаку басдонаку хандонаку шӯх,

Ки ҷаҳон он-к бари мо лаби ӯ зиндон кард.

Лаби ӯ биниву гӯӣ, ки касе зери ақиқ,

Ба миёни ду гул андар шакаре пинҳон кард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]