Абуалии Сарахсӣ
Jump to navigation
Jump to search
Абуалии Сарахсӣ | |
---|---|
Зоҳир ибни Аҳмади Алфақӣ | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Абуалии Сарахсӣ ( Зоҳир ибни Аҳмади Алфақӣ) — Шоир ва фақеҳи форс-тоҷик (асри 10).
Зиндагинома[вироиш]
Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Мувофиқи маълумоти асарҳои «Ҳолот ва суханони Шайх Абусаид», «Асрор-ут-тавҳид» Абусаиди Абулхайр дар назди ин шахс улуми динии ахбор, тафсир ва усулро омӯхтааст.
Осор[вироиш]
Аз эҷодиёташ ғазале тавассути «Номаҳо» ва «Тамҳидот»-и Айнулқуззоти Ҳамадонӣ дастрас гардидааст.
Абёти зерин аз он ғазал аст:
Дарой ҷоно, бо ман ба кор, агар ёрӣ,
Вагарна рав, ба саломат, на бар сари корӣ.
На ҳамроҳӣ ту маро, роҳи хеш бигиру бирав,
Туро саломат бодо, маро нигунсорӣ.
Маро ба хонаи хаммор бар, ба-д-ӯ биспор,
Нигар, маро ба ғами рӯзгор наспорӣ.
Набид чанд маро деҳ барои мастиро,
Ки сер гаштам аз ин зиракию ҳушёрӣ.
Эзоҳ[вироиш]
Адабиёт[вироиш]
- Шарҳи аҳвол ва ашъори шоирони бедевони қарнҳои 3 – 4 – 5 ҳ. қ., Т., 1370 ҳ. ш.
Сарчашма[вироиш]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.