Абубакри Қараҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абубакри Қараҷӣ
форсӣ: ابوبکر محمد بن حسین کرجی
Muhammad al karaji 01.jpg
Санаи таваллуд:

13 апрел 953(0953-04-13)

Зодгоҳ:
Санаи марг:

1029[1]

Мамлакат:

Фахруддин Абубакр Муҳаммад ибни Ҳусайни Қараҷӣ (форсӣ: ابوبکر محمد بن حسین کرجی‎, англ. Abū Bakr ibn Muhammad ibn al Husayn al-Karajī (or al-Karkhī), 9531029) — риёзидони форс-тоҷик

Зиндагинома[вироиш]

Муаллифи рисолаҳои «Китоб-ул-кофӣ фӣ-л-ҳисоб» («Китоби кофӣ дар ҳисоб»), «Китоб-ул-ҷабр ва-л-муқобала ва ҳува маъруф би-л-фахрӣ» («Китоби алҷабр ва алмуқобала, ки маъруф аст ба Ал-фахрӣ»; номи мухтасараш «Ал-фахрӣ» буда, тақрибан соли 1010 навишта шудааст). Китоби аввал аз 70 боб иборат аст. 43 боби он ба ҳисоб, бобҳои 44 – 53 ба ҳандаса, бобҳои 54 – 70 ба алҷабр бахшида шудаанд. Абубакри Қароҷӣ рисолаҳои Абукомили Мисрӣ, Абулвафои Бузҷонӣ, Муҳаммади Хоразмӣ ва «Арифметика»-и Диофантро мукаммал омӯхта, дар «Ал-фахрӣ» математикаи замонаашро такмил додааст. Қисми тарҷумаи франсавии ин рисола дар Париж маҳфуз аст. Аз Абубакри Қароҷӣ ғайр аз асарҳои дар боло номбаршуда осори гаронбаҳое боқӣ мондааст, ки «Мухтасар фи-л-ҳисоб ва-л-масоҳат» («Мухтасари ҳисоб ва масоҳат»), «Ҳисоб-ул-ҳинд» («Ҳисоби ҳиндӣ») ва ғайра аз қабили онҳоанд. Рисолаҳои Абубакри Қароҷӣ дар таърихи инкишофи математикаи Шарқ роли муҳим бозидаанд ва ба тараққии математика дар Европа таъсири ҷиддӣ расонданд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Матвиевская Г. П. Учение о числе на средневековом Ближнем и Среднем Востоке. Ташкент: Фан, 1967.
  • Матвиевская Г. П., Розенфельд Б. А. Математики и астрономы мусульманского средневековья и их труды (VIII—XVII вв.). В 3 т. М.: Наука, 1983.

Сарчашма[вироиш]