Абузайди Балхӣ
Таърихи таваллуд | 850[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 934[2][1][3][…] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Шогирдон | Абулҳасани Омирӣ[4] |
Абузайд Аҳмад ибни Саҳли Балхӣ (форсӣ: ابوزید احمد بن سهل بلخی; 850[1], Балх, вилояти Балх — 934[2][1][3][…], Балх, вилояти Балх) — ҷуғрофиёдон, ахтаршинос, пизишк ва забоншиноси форс-тоҷик, шогирди Яъқуб ибни Исҳоқи Киндӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абузайди Балхӣ фалсафа, нуҷум, илоҳиётшиносӣ, табииёт, тиб ва дигар илмҳои замонаашро аз файласуфи араб Яъқуб ибни Исҳоқи Киндӣ омӯхтааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]ӯ муаллифи тахминан 60 асари илмист. Аз ҷумла «Китоб фӣ фазилати-л-улуми-р-риёзиёт», «Китобу-н-наҳв-ва-т-тасриф» (Китоби сарфу наҳв"), «Ҳудуду-л-фалсафа» («Ҳудуди фалсафа»), «Китоб масолиҳ ил-абдон ва-н-нуфус» («Китоби салоҳи баданҳо ва ҷонҳо»), «Китоб моясаҳ мин аҳкоми-н-нуҷум» (Китоб оид ба он чӣ саҳеҳ аст аз аҳкоми нуҷум"), «Китобу-н-наводир фӣ фунуниш шатто» («Китоби нодир дар бораи як қатор фанҳо») ва ғайра ба қалами ӯ мансубанд. Асарҳои мазкур пурра то замони мо омада нарасидаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Абузайди Балхӣ оид ба география «Сувару-л-ақолим» («Тасвири иқлимҳо») ном рисолае дорад, ки дар сарчашмаҳои мухталиф бо номи «Ашколу-л-билод» («Сохти кишварҳо»), «Тақвиму-л-булдон» («Маълумотномаи кишварҳо») зикр гаштааст. Дар китоби мазкур доир ба кишварҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, инчунин қавму қабилаҳои дунё, харитаҳои гуногун маълумоти муфассали таърихию географӣ ва мардумшиносӣ оварда шуда, Замин ба шакли кура (доира) тасвир ёфтааст. Асари мазкурро (асри 10) бо иловаи баъзе маълумоти нав доир ба Форс, Хузистон, Ҳиндустони Шимолӣ Истахрӣ такмил дод. Пас аз ӯ Ибни Ҳавқал ба китоби АСРИ Б. таҳрир даровардааст, ки он бо номи «Китобу-л-мамолик ва-л-масолик» («Китоби мамлакатҳо ва роҳҳо») машҳур шуд. Китоб зиёда аз 20 харита дошта, як нусхаи он дар осорхонаи Британия маҳфуз аст. Дертар маҷмӯи ин харитаҳо бо унвони «Атласи исломӣ» машҳур гардидаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Encyclopædia Universalis (фр.) — Encyclopædia Britannica, 1968.
- ↑ 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
- ↑ https://plato.stanford.edu/entries/al-kindi/#Leg
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абузайди Балхӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.