Абуисҳоқи Исфаройинӣ
Абуисҳоқи Исфаройинӣ | |
---|---|
араб. ар. أبو إسحاق الإسفراييني | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | олим, фақеҳ, мутакаллим, муфассир, муҳаддис |
Таърихи таваллуд: | 949 |
Зодгоҳ: | Исфаройини Хуросон |
Таърихи даргузашт: | 1027 |
Маҳалли даргузашт: | Нишопур |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом, суннӣ ва ашъарӣ |
Самти фаъолият: | фиқҳ, усули фиқҳ[d], илми калом, тафсир ва илми ҳадис |
Устодон: | Q29514435?[1][2] |
Шогирдон: | Ибни Тоҳири Бағдодӣ[d] ва Abd al-Karīm ibn Hawāzin Qushayri[d][3] |
![]() |
Абуисҳоқи Исфаройинӣ (Иброҳим ибни Муҳаммад; тав. номаълум — 1027 Исфаройини Хуросон — Нишопур) — мутакаллими ашъария, фақеҳи шофеия, тарғиботчии таълимоти ашъария дар Нишопур.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Илмҳои замонашро дар зодгоҳаш омӯхта, соли 962 ба Бағдод омад ва дар он ҷо таълимоти каломи ашъарияро фаро гирифт. Сипас ба Нишопур баргашта, мадрасаи худро таъсис дод, ба шарҳу таъбир ва тарғибу ташвиқи каломи ашъария пардохт. Абуисҳоқи Исфаҳонӣ роҷеъ ба фиқҳи шофеӣ ва каломи ашъарӣ асарҳои бисёре таълиф намудааст, ки мутаассифона аз байн рафтаанд. Вале иқтибосу ишораҳои бешумор ба онҳо аз нуфузу мартабаи баланди ӯ дар байни пайравони ашъария шаҳодат медиҳанд. Ба қавли ӯ, сифати фарқкунандаи Худо ҳастӣ мебошад ва маҳз ҳамин сифат ӯро аз тамоми коинот фарқ мекунонад. Ақидаҳои Абуисҳоқи Исфаҳонӣ роҷеъ ба назарияи маърифат, нубувват, табиати Қуръон, афъоли инсонӣ ва ғайра аз таълимоти мутакаллимини ашъарӣ дида, ба афкори мӯътазила бештар қаробат дорад.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ various authors Encyclopedia of Medieval Philosophy / зери таҳрири H. Lagerlund — Springer, Dordrecht, 2011. — doi:10.1007/978-1-4020-9729-4
- ↑ Schmidtke S. The Oxford Handbook of Islamic Theology (ингл.) — OUP, 2014. — doi:10.1093/OXFORDHB/9780199696703.001.0001
- ↑ AA.VV. Encyclopaedia of Islam, Encyclopédie de l’Islam (фр.) — 1986. — P. 526.
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.