Абулаббос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулаббос
Маъмун ибни Маъмуни Хоразмшоҳ

Абулаббос Маъмун ибни Маъмуни Хоразмшоҳ (тав.номаълум - 1017 Гурганҷ) — сеюмин фармонфармои Хоразм аз хонадони Маъмуниён.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъд аз вафоти бародараш ба тахти салтанат нишаст. Абулаббос сиёсати созишкоронае бо Ғазнаро пеш гирифт ва иртиботаш бо султони Ғазна мустаҳкамтар шуд. Абулаббос дар натиҷаи исёни гурӯҳҳои зидди Маҳмуди Ғазнавӣ, ки аз сиёсати Абулаббос норизо буданд, кушта шуд. Баъд аз марги Абулаббос шӯришиён бародарзодаи Абулаббос Абулҳорис Муҳаммад ибни Алиро ба тахт нишонданд. Ба ин тартиб ҳукмронии сиёсии хонадонҳои маҳаллӣ аз Хоразм барафтод.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]