Абулаббоси Тош

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абулаббоси Тош
сипаҳсолори водии Хуросон

Даргузашт

987(0987)

Сулола

Сомониён

Абулаббоси Тош (тав.номаълум - 987) — сипаҳсолор ва волии Хуросон дар давраи Сомониён.

Зиндагинома[вироиш]

Пас аз азли Абулҳасани Симҷур бо раҳнамоӣ ва ҳимояти Абулҳусайни Утбӣ, бар маснади сипаҳсолории Хуросон расид ва лақаби «Ҳисомуддавла»-ро мушарраф гардид. Дар замони ҳукумати Фахруддавлаи Дайламӣ Абулаббоси Тош муддате волии Омул ва баъдан ҳокими Астарободу Гургон ва Деҳистону Обаскун буд. Фахруддавла пас аз ҳазимати Абулаббоси Тош дар набард бо Абулҳасани Симҷур Гургонро ба Абулаббоси Тош супурд ва худ ба Рай рафт. Талоши Абулаббоси Тош барои бозпас гирифтани ҳукумати Хуросон ба шикаст анҷомид ва ӯ баъд аз се соли истиқрор дар Гургон аз вабои сахте даргузашт.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]