Абулмаъолӣ Насруллоҳи Муншӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абулмаолии Насруллоҳ)
Абулмаъолӣ Насруллоҳи Муншӣ
форсӣ: نصرالله بن محمد بن عبد حمید شیرازی : نصرالله بن محمد بن عبد حمید شیرازی‎‎
Таърихи таваллуд: асри XII
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: асри XII
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: тарҷумон
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абулмаолии Насруллоҳ Ибни Муҳаммад ибни Абдулҳамиди Муншии Шерозӣ (қарни XII)  — адиб, муншӣ, насрнависи форс-тоҷик, вазири Хусрав Малик, тарҷумону мураттиби «Калила ва Димна».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар дарбори Ғазнавиён муншӣ ва дабир буд. Дар охири умраш ба мансаби вазирии Хусрав Малик (ҳукмронӣ 1160 — 86/87) расид. Аз ҷумлаи корҳои муфиди Абулмаолии Насруллоҳ тарҷумаи китоби «Калила ва Димна» аз арабӣ ба форсии тоҷикӣ мебошад. Вай тарҷумаи ин китобро аз рӯи таҳрири арабии Ибни Муқаффаъ анҷом додааст. Тарҷумаи Абулмаолии Насруллоҳ дар давраи салтанати Баҳромшоҳ (ҳукмронӣ 1099—1115) ба итмом расид. Аз ин ҷост, ки он бо номи «Калила ва Димнаи Баҳромшоҳӣ» низ маъруф аст. Чунонки дар муқаддимаи тарҷумаи Абулмаолии Насруллоҳ омадааст, вай кӯшидааст, бар хилофи мутарҷимони дигар, ки аз ҷиҳатҳои панду ахлоқии «Калила ва Димна» сарфи назар кардаанд, мазмуни ахлоқӣ ва фалсафии онро аз нав барқарор намояд. Тарҷумаи Абулмаолии Насруллоҳ аз ҷиҳати сабку услуб асари бадеии мустақил аст ва намунаи беҳтарини насри садаи XII ба шумор меравад. Абулмаолии Насруллоҳ шоир низ буд. Дар «Калила ва Димна» ва сарчашмаҳои адабӣ намунаҳо аз шеърҳои ӯ омадаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Калила ва Димна, Д., 2009.