Абулмузаффар бини Иброҳим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Абулмузаффар бини Иброҳим[вироиш | вироиши манбаъ]

Абулмузаффар бини Иброҳим - вазири давлати Сомониён. (Дар нусхаи дигари «Осор ул-вузаро», ки дар шаҳри Сринагари Кашмир маҳфуз аст Абулмузаффар Муҳаммад бини Иброҳим омадааст.)

Дар китоби «Осор ул-вузаро» - и Сайфиддинҳоҷӣ нисбати вазири сулолаи Сомониён, чунин маълумоте оварда нашудааст: «Ба истисвоб ва тарбияти амир Сабуктегин Амир Разӣ Сомонӣ ӯро дар маснади вазорат нишонид ва ба ғоят соҳибихтиёр шуд. Чун Абдулҳорис Мансур бини Разӣ ба мулк нишаст ба воситаи истеъдод ва тағалаби Фоиқ аз вазорат истеъфо рафт. Ба муталааи китоб ва таснифи расоил ба сар бурд. Аз мубашироти ашғол муҷтаниб буд. Баъд аз он давлати Оли Сомон ба амир Сабуктегин ва Ямин уд-давла Маҳмуд мунтақил гашт.» [1]

Пайнавиштҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе, 1997, – с. 61.