Абулфазл ибни Амид
ар. مُحمَّد بن الحًسين بن مُحمَّد | |
Таваллуд |
912 |
Даргузашт |
8 декабр 970[1] |
Фарзандон | Абулфатҳ Алӣ ибни Муҳамад |
Ибни Амид, Абулфазл ибни Амид (форсӣ: ابوالفضل بن عمید; 912, Қум — 8 декабр 970[1], Ҳамадон) — шоири арабизабон, котиб ва сиёсатмадори барҷастаи эронӣ, фармондеҳи низомӣ ва вазири Оли Бӯя (940—970) дар аҳди Рукнуддавла.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар чандин амалиёти ҳарбӣ ширкат дошт: соли 948 имоми алавӣ ас-Соир Биллоҳро шикаст дода, Омулро ба қаламрави Бувайҳиён ҳамроҳ кард; солҳои 950—951 дар Рай ва Исфаҳон ба муқобили сипоҳи Сомониён мубориза бурд; соли 966 фитнаи ғозиёни Хуросонро дар Рай саркӯб кард. Ибни Амид ба омӯзиши фалсафа, риёзиёт, нуҷум таваҷҷуҳ ва бо масъалаҳои бахши механика, аз қабили гуногунии ҳаракати ҷисмҳо, тағйирёбии ҷисмҳои сахт ва тавозун ошноӣ дошт. Ҳамчунин ихтирои олоти қалъакӯбанда, манҷаниқ, гулӯлаҳои дурпарвоз ва оинаи калони оташафкан (тавассути он мавзеъҳои дурдаст оташ зада мешуданд) ба Ибни Амид нисбат дода мешаванд. Ибни Амид дар китобати забони арабӣ сабки хос дошт, ки асоси онро истифодаи зиёди саҷъ ва санъатҳои адабӣ ташкил медод. Рисолаҳои Ибни Амид ҳангоми рӯзгораш гирдоварӣ шуда, ҳоло бархе аз онҳо дар ганҷинаи дастхатти китобхонаҳои Туркия ва Ҳиндустон нигаҳдорӣ мешаванд. Баъзе порчаҳо аз асарҳои Ибни Амид дар «Ятимату-д-даҳр»-и Саолибӣ, «Муъҷаму-л-удабо»-и Ёқути Ҳамавӣ ва осори Абуҳайёни Тавҳидӣ боқӣ мондаанд. Ҳамчунин асарҳои «ал-Мазҳаб фӣ-л-балоға» ва «ал-Халқ ва-л-хулқ»-ро ба Ибни Амид нисбат медиҳанд. Бо дастгирии И. А. Абуюсуфи Розӣ бахше аз китоби «Ҳандаса»-и Уқлидусро ба забони арабӣ тарҷума кард ва Ҳасан ибни Муҳаммад «Таърихи Қумр»-ро таълиф намуд ва девони Абуҷаъфари Атторро гирд овард. Ибни Амид дар Рай китобхона (китобдораш Ибни Мискавайҳ) ва расадхона бунёд карда буд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Амид // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Bosworth, C. E. (1975). «Iran under the Buyids». In Frye, Richard N. (ed.). The Cambridge History of Iran, Volume 4: From the Arab Invasion to the Saljuqs. Cambridge: Cambridge University Press. pp. 250—305.
- ISBN 0-521-20093-8. Bosworth, C. Edmund (2002). «MESKAVAYH, ABU ʿALI AḤMAD». Encyclopaedia Iranica. London et al.: C. Edmund Bosworth. Cahen, Claude (1971). «Ibn al-ʿAmīd». In Lewis, B.;
- Ménage, V. L.; Pellat, Ch. & Schacht, J. (eds.). Encyclopaedia of Islam. Volume III: H-Iram (2nd ed.). Leiden: E. J. Brill. pp. 703—704. OCLC 495469525.