Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Абулянбағӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абулянбағии Самарқандӣ)
Абулянбағӣ Аббос ибни Тархон
Таърихи даргузашт: 844(0844)
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ ва тоҷикӣ

Абулянбағӣ Аббос ибни Тархон (форсӣ: ابوینبغی عباس بن طرخان‎; ? — 844) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, Абулянбағӣ аз ҷумлаи аввалин шоиронест, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ шеър гуфтааст. ӯ надими Бармакиён (хонадони қадими тоҷикон дар Балх) буда, бо забони арабӣ низ шеър эҷод мекардааст. Муаллифи китоби «ал-Масолик ва-л-мамолик» ибни Хурдодбеҳ, ки худ аз сайёҳони эронинажоди араб буд, аз ашъори форсӣ-тоҷикии Абулянбағӣ чор мисраи зеринро:

Самарқанди кандманд
Ба-д-инат кӣ афканд.
Аз Чоч та беҳӣ,
Ҳамеша та хуҳӣ.
(Самарқанди ободон,
Кӣ туро ба ин ҳол афканд?
Аз Чоч (Тошканд) ту беҳтарӣ,
Ҳамеша ту хубӣ)

овардааст, ки он қадимтарин шеъри тоҷикӣ буда, ба вазни ҳиҷоӣ суруда шудааст. Аз ашъори Абулянбағӣ ба ҷуз ҳамин чор мисраъ чизи дигаре дастрас нагардидааст.

  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958.