Абулқосими Динаварӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абулқосими Диноварӣ)
Абулқосими Диноварӣ
Таърихи таваллуд: номаълум
Зодгоҳ: Диновар
Таърихи даргузашт: 1000(1000)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ ва арабӣ

Абулқосими Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон (соли таваллуд номаълум — вафот 1000)шоир ва адиби араб.

Фаъолияти эъҷодӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз зодгоҳаш Диновар (шаҳре дар Эрон) солҳои 80 садаи X ба Бухоро омад ва зиндагиву фаъолияташ дар ҳамин ҷо идома ёфтааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабию таърихӣ (масоли, «Ятимат-уд-даҳр»-и Саолибӣ) Абулқосими Диноварӣ яке аз шуаро ва котибону коргузорони маъруфи дарбори Сомониён буд. Дар масоили гуногуни адаб беш аз 30 ҷилд асар навишта будааст. Дар тазкираи Саолибӣ ва тазкираҳои дигар беш аз 90 байт аз ашъори Абулқосими Диноварӣ фароҳам омадаанд, ки онҳо шеърҳо дар жанри мадҳия, васф, ҳаҷв, шикоят аз пирӣ ва фарзандон, ки дар пиронсолӣ ба падар шафқат надоранд ва ғайра мебошанд. Васфияҳои Абулқосими Диноварӣ дар бораи себ, анор ва анвои дигари меваҷот, ки дар фаро расидани Меҳргон зеби хон мешаванд, китоб чун дӯсти вафодору мусоҳиби инсон басе ҷолибанд. Абулқосими Диноварӣ дар ашъораш аз санъатҳои бадеӣ – ташбеҳ, истиора, тавсиф ва ғайра истифода кардааст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Саолибӣ, Ятимат-уд-даҳр фӣ маҳосин аҳл-ал-аср, ҷ-ҳои 1 – 6, Бейрут, 2000.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]