Абулҳасан Алӣ ибни Масъудӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абулҳасан Алӣ ибни Масъудӣ
ар. المسعودي
NHM Bellariastraße side risalit right - Al Masudi - Emmerich Alexius Swoboda 3890.jpg
Таърихи таваллуд: тақрибан 896
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: сентябри 956
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: таърих
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Абулҳасан Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ал-Масъудӣ (ар. أَبُو ٱلْحَسَن عَلِيّ ٱبْن ٱلْحُسَيْن ٱبْن عَلِيّ ٱلْمَسْعُودِيّ‎; тақрибан 896, Бағдодсентябри 956, Қоҳира) — таърихнавис, ҷуғрофиёдон ва ҷаҳонгарди мусулмон ва аз аъзои Дорулҳикма буд. Насаби вай ба Абдуллоҳ ибни Масъуд яке аз ёрони Паёмбари ислом (с) мерасад.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳудуди соли 294 қ. Бағдодро тарк гуфт ва бақияи умрро дар сафар ба Ховармиёна, Ҳинд ва Африқои Шарқӣ гузаронид. Масъудӣ нависандаи пуркор дар мавзӯъҳои мутанаввеъ буд. Таърих, ҷуғрофиё, фиқҳ, илоҳиёт, таборшиносӣ ва фанни кишвардорӣ ҳавзаҳои кории ӯ буданд. Вай дар заминаи таърихнигорӣ маншаи хадамоти барҷастае будаст. Бовар дошт, ки таърихнигор бояд ба манобеи дасти аввал муроҷиат кунад, на ба гуфтаҳо ва навиштаҳои дигарон. Муҳимтарин асари Масъудӣ «Муравиҷу-з-заҳаб» ва «Маъдану-л-ҷавоҳир» ном дорад, ки ҳовии баҳсҳои таърихӣ, ҷуғрофиёӣ, заминшиносӣ ва ғайра аст. Китоби дигараш «ат-Танабийя ва-л-ашроф» ба назариёти ӯ дар бораи ҷаҳон ихтисос дорад. Масъудӣ ҷуғрофиёро зарурати муқаддам барои таърихнигорӣ мешумурд. Барои зиндагии ҳайвонӣ ва наботӣ дар ҳар ноҳия аҳаммияти хоссе қоил буд ва ба фалсафаи юнонӣ алоқаи зиёд дошт. Ӯ аз мутафаккирони навандеши садаҳои миёна дар ҷаҳони ислом ба ҳисоб меояд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]