Абулҳусайн Аҳмад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулҳусайн Аҳмад

Абулҳусайн Аҳмад ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Ҳасан машҳур ба Ҳасани Алавӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — яке аз умарои Табаристон дар аҳди Сомониён.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абулҳусайн Аҳмад ба мисли бобояш Ҳасани Алавӣ ва Носири Кабир талош менамуд, ки Табаристонро аз Сомониён ҷудо кунад. Бо ин ҳадаф дар ибтидои садаи X ӯ ва тарафдоронаш чандин бор бо сипоҳи сипаҳсолорони Хуросон рӯ ба рӯ шуданд. Саранҷом ҷанг бо сулҳ анҷомида, сипоҳи амири сомонӣ ба Бухоро баргашт ва Табаристон дар ихтиёри Носири Кабир қарор гирифт. Соли 922 А. Астаробод ва Ҷурҷонро ба тасарруфи худ даровард ва хутба ба номи Абуҷаъфари Алавӣ хонд. Аммо аз дасти Симҷури Давотӣ шикаст хӯрда ба Сорӣ фирор кард. Дастнишондаи Абулҳусайн дар Астаробод, фарде ба исми Мокони Кокӣ бо Симҷур ҷангид ва пирӯз шуд. Баъд аз истиқрори Сомониён дар Табаристон дар ҷашни арӯсии яке аз амирони Табаристон Абулҳусайн Аҳмад низ дар радифи дигарон шоҳзодагони алавӣ дастгир ва ба Бухоро фиристода шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]