Абунаср

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абунаср
Санаи таваллуд

889

Зодгоҳ

Марв

Санаи марг

961

Маҳалли марг

Бухоро

Касб(ҳо)

навозанда

Абунаср,(Бунаср), номи пуррааш Абунаср ибни Муҳаммад, машҳур ба Бунасри Мутриб (889, Марв961, Бухоро) — мусиқидон, навозанда ва сарояндаи форсу тоҷик (асри 10).

Зиндагинома[вироиш]

Абунаср илмҳои замонашро дар зодгоҳаш омӯхта, барои такмили пешаи навозандагӣ ба Бухоро меояд. Дар ин ҷо назди Абулаббоси Бахтиёр асосҳои назариявии мусиқиро меомӯзад. Абунаср дар иҷрои достонҳои қаҳрамонӣ ва ҳамосӣ истеъдоди беназир дошт ва дар ҳунари иҷроӣ мӯътақиди сабки қадимии мардумони эронӣ буд. Дар пайравии «Хусравониёт»-и Борбад силсилаи нави сурудҳои «Роҳи мовароуннаҳрӣ»-ро эҷод кардааст Дар овозхонӣ аз ифодаҳои мураккаби авҷӣ истифода намудааст ва ба-д-ин сабаб ӯро устодаш Абулаббоси Бахтиёр «Бунасри зилхон» ном бурдааст. Мавзӯи таснифоти Абунаср сурудҳои ҷашнӣ ва маросиму оинҳои халқӣ, инчунин тараннуми далерӣ, шуҷоатмандӣ, ватандӯстӣ ва ғайраро дар бар мегирад. ӯ оид ба мусиқӣ рисолае низ доштааст, ки ба мо нарасидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Раҷабов А. Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён, Д., 2000; ҳамон муалл.,
  • Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мксиқии замони Рӯдакӣ, Д., 2008.

Сарчашма[вироиш]