Абунасри Фароҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абунасри Фароҳӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1242
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: фарҳангнавис, шоир

Абунаср Бадруддин Масъуд ибни Абибакри Фароҳӣ (форсӣ: ابونصر بدرالدین مسعود بن ابی‌بکر فراهی‎; Фароҳ1242) — шоир ва луғатноманависи форс-тоҷик, муаллифи луғатномаи арабӣ ба форсии «Нисобу-с-сибён».

Фаъолияти эъодӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Абунасри Фароҳӣ мусаннифи фарҳанги арабӣ-форсии «Нисобу-с-сибён» аст, ки бо супориши вазири маъруфи Салҷуқиён Низомулмулк (1017—1092) нигошта шудааст. Дар пайравӣ ба ин асар донишмандони бисёре фарҳангҳои гуногун таълиф кардаанд. Яке аз корҳои дигари Абунасри Фароҳӣ ба назм даровардани асари Шайбонӣ «Ҷомеъу-с-сағир» мебошад (1116).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Муҳаммад Авфӣ, Лубобу-л-албоб, Т., 1333 ҳ. ш;
  • Саид Нафисӣ, Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ, Т., 1344 ҳ. ш.