Абусаиди Гургонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абусаиди Гургонӣ
Навъи фаъолият: шоир

Абусаиди Гургонӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 12).

Ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нагардидааст. Аз ашъори боқимондааш бармеояд, ки ӯ дар онҳо андешаву матлабҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, танқиди зулму золимӣ, мубориза ба муқобили бемаърифативу мардумозории баъзе аъёну ашроф инъикос ёфтаанд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабӣ дар эҷоди навъҳои шеър — маснавӣ, қасида, ғазал, рубоӣ, қитъаҳо ва ғайра маҳорати хос доштааст. Намунаҳои ашъораш дар тазкираву баёзҳо оварда шудаанд. Абёти зерин аз ӯст:

Он қавм, ки эшон раҳи аҳрор супурданд,
Аҳволи ҷаҳон ботилу бозича шумурданд.
Меҳнатзадагонро ба карам даст гирифтанд,
Чун даст гирифтанд, бар он пой фишурданд.
Эшон ҳама рафтанду ҷаҳон ҷумла ба муште
З-ин нокасу номардуму номард супурданд…
Қавме ҳама нокисаву навкиса, ки аз бухл,
Номи карам аз номаи ҳастӣ бисутурданд…

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]