Абусаъиди Сиҷзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абусаиди Санҷарӣ)
Абусаъиди Сиҷзӣ
ар. أحمد بن مُحمَّد بن عبد الجليل السِّجْزي
Таърихи таваллуд 951
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1024
Фазои илмӣ ахтаршиносӣ, риёзиёт, улуми ғариба[d] ва ҳандаса

Абусаъид Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдуҷалил Сиҷзӣ (951, Q55387329?1024) — муҳандис ва ҳайатшиноси сиҷистонӣ.

Асарҳои Сиҷзӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Асарҳои Абусаъиди Сиҷзӣ бештар ба шаклсозиҳои геометрӣ, буришҳои махрутӣ (конусӣ), вобастагии гипербола ба асимптотаҳояш, трисексияи кунҷ, масъалаҳои нуҷум ва ба сохти афзори мунаҷҷимӣ бахшида шудаанд. Қариб 30 рисолаи Абусаъиди Сиҷзӣ то давраи мо расидааст, ки дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон маҳфузанд. «Рисолаи фӣ васф-ул-қутуъ-ил-махрутия» («Рисола дар васфи буришҳои конусӣ»), «Китоб-ут-таркиб ил-афлок» («Китоб роҷеъ ба таркиби фалакҳо»), «Китоб-ул-мизоҷот-ил-кавокиб» («Китоб дар бораи мизоҷи ситораҳо») аз ҷумлаи онҳоанд. Асарҳои Абусаъиди Сиҷзӣ дар инкишофи риёзиёти Шарқ роли муҳим бозида, ба пешрафти математикаю астрономияи Европа таъсир расондаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]