Абусаид Абулхайр

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Абусаид Абулхайр - аз аввалин суханваронест, ки ирфон ва сухану фалсафаи ирфониро ба адабиёти форсу точик ворид кардааст.

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Эҷодиёти ин суханвар аз бисёр чихат намунахои эчодиёти шифохии мардумро ба хотир меоранд. Зохиран мархилахои аввали пайдоиш ва густариши акоиди ирфони хамин чихатро такозо мекард. Як кисм суханони Абусаид ба шеваи гуфтори мардум таълиф шудаанд, ки аз иртиботи кавии эчодиёти шоир бо забони халк гувохи медихад. Абусаид Фазлуллох бинни Абулхайр соли 967 дар Маймана ба дунё омадааст. Дар Майманаву Марв ва Сарахстахсили илм намуда, муддате дар Нишопуру Омул умр ба сар бурдааст. Соли 1049 дар Маймана аз олам гузаштааст. Накл мекунанд, ки дар замони зиндагии худ у каси хушгу ва сухбаторо будааст. Яке аз аввалин суханвароне, ки ирфон ва афкори ирфониро дар колаби шеър баён кардаанд, Абусаиди Абулхайр махсуб гашта, мавзуоти фалсави, тасаввуфи ошикона, танкиди замон ва ахли он дар рубоиёти у макоми баланд дорад. Бино ба маълумоти сарчашмахо ва таърихномахо дар ахди авали ислом то карнхои 8-9 ахли ирфон ва тасаввуф ба каламу когаз сарукоре надоштанд. Сухани Абусаиди Абулхайр аст, ки гуфта: «Кадами авали суфи шикастани каламу пора кардани дафтар аст. Ва хар касе бихохад аз ишки суфи пай барад, бояд худаш ба он бингарад».

Вале баъд заруратхо пеш омад, ки рочеъ ба масоили ирфон ва асоси таълимоти он асархо эчод гардад. Зеро баъзе аз факехон ирфонро ба аркони асосии ислом мукобил гузошта, намояндагони онро ба бединиву бехудои айбдор намуданд. Орифон мачбур шуданд, ки барои химояи хеш аз Қуръон ва аходиси набави истидлол пеш оваранд.

Аз мероси адабии Абулхайр он чизе, ки то ба имруз омада расидааст, 720 рубоиест, ки дар боби ишқу орзу, мардонагию садокат харф мезананд.

Аз рубоиёт[вироиш]

Дишаб зи паи гулоб мегардидам дар тарафи чаман,
Пажмурда гуле миёни гулхо дидам, афсурда чу ман,
Гуфтам, ки "чи карди, ки чунин месузи? эй ёриазиз!"
Гуфто,ки:"шабе дар ин чаман хандидам,пас вой ба ман!»


Во фарьёдо,зи ишк, во фарьёдо,
Корам ба яке турфанигор афтодо,
Гар доди мани шикаста додо, додо
В-арна ману ишк, хар чи бодо бодо!


Гар бар дари дайр менишони моро,
Гар дар рахи каъба медавони моро,
Инхо хама лозимаи хастии мост,
Хуш он ки зи хеш ворахони моро,


Пурсидам аз у воситаи хичронро,
Гуфто: сабабе хаст, бигуям онро,
Ман чашми туам, гарам набини, чи ачаб?
Ман чони туам касе набинад чонро,

Адабиёт[вироиш]

  • Жуковский В. А., «Жизнь и речи старца Абу» (Санкт-Петербург, 1899)
  • Жуковский В. А., «Тайны единения с богом в подвигах старца Абу» (Санкт-Петербург, 1899)
  • Ethé H., «Sitzunge d. bayr. Akad.» 92 рубайт, 1875 и 1878)
  • Burthels, Grundlinien d. Entwiklungsgeschichte des Lehrgedichts in Persien, «Islamica», v. III, f. I (Лейпсиг, 1927)
  • Али Джамниа, Мухаммад. Байат, Можде. Под суфийским плащом. Истории об Абу Саиде и его мистические наставления.Москва.Старклайт.2002.