Абусаид (ҳоким)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абусаид

Абусаид (соли таваллуд ва вафот номаълум), ҳокими Самарқанд (15301533) — писари Кӯчкинчихон аз сулолаи Шайбониён, бародари Абдуллоҳхони I. Бо супориши Абусаид дар ҷануби Регистони Самарқанд мадрасаи кабудгунбази «Чилдухтарон»-ро бино кардаанд, ки дар он Кӯчкинчихон бо се писараш, аз ҷумла Абусаид ва се наберааш дафн шудаанд. Ҳоло санги мармари ниҳоят зебои сари қабри Абусаид дар музейи Самарқанд буда, яке аз намунаҳои санъати нафиси ҳаккокӣ ва хаттотии садаи XVI ба шумор меравад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]