Абусайид Чоудҳурӣ
банголӣ: আবু সাঈদ চৌধুরী | |
| |
12 январ 1972 — 24 декабр 1973 | |
|
|
Таваллуд |
31 январ 1921[1] |
Даргузашт |
2 август 1987 (66 сол) ё 1987[2] |
Мадфан | |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | ислом |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Абусайид Чоудҳурӣ (31 январ 1921[1], Tangail[d], Роҷи Бритониё — 2 август 1987 ё 1987[2], Лондон) — ходими сиёсӣ ва давлатии Банглодеш, президенти Банглодеш (солҳои 1972—1973).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абусайид Чоудҳурӣ дар оилаи заминдорҳо дар ноҳияи Тангайли музофоти Бангола дар Ҳиндустони Бритониё таваллуд шудааст. Падари ӯ Абдулҳамид Чоудхурӣ дар вазифаи раиси Ассамблеяи музофоти Покистони Шаркй кор кардааст.
Вай дар Калкутта ва Лондон таҳсил кардааст, аз рӯи маълумот ҳуқуқшинос ва таърихшинос буд. Дар ҳаракати донишҷӯён фаъолона иштирок дошт.
Солҳои 1960—1961 узви Комиссияи конститутсионӣ буд, дар соли 1961 узви Суди Олии Дака, аз соли 1963 то соли 1968 ба Комиссияи рушди Бангола роҳбарӣ мекард.
Мохи ноябри соли 1969 у вазифаи ноиб-ректори (ректори) университети Даккаро гирифт, вале дар соли 1971 ҳангоми дар Женева буданаш ба нишони эътироз ба муқобили одамкушӣ, ки артиши Покистон дар Покистони Шаркӣ содир карда буд, аз ин вазифа истеъфо дод. Баъди истиқлоли Ҷумҳурии Халқии Банглодеш дар моҳи марти соли 1971 вай намояндаи кишвар дар Ингилистон ва сардори намояндагии Ҷумҳурии Халқии Банглодеш дар Созмони Милали Муттаҳид шуд.
Январи соли 1972 — декабри соли 1973 — Президенти Ҷумҳурии Халқии Банглодеш. Мохи декабри соли 1973 аз вазифаи президент истеъфо дод ва намояндаи махсуси Ҳукумат оид ба сиёсати берунӣ таъин шуд. Дар моҳҳои август — ноябри соли 1975 вазири корхои хориҷӣ буд .
Дар соли 1978 Чоудхурӣ узви зеркомиссияи СММ оид ба пешгирии табъиз ва ҳифзи ақаллиятҳо шуд. Соли 1985 раиси Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон буд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони 31 январ
- Зодагони соли 1921
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Зодагони Ҳиндустони Бритониёӣ
- Даргузаштагони 2 август
- Даргузаштагони соли 1987
- Даргузаштагони Лондон
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Президентҳои Банглодеш
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Сиёсатмадорони Банглодеш
- Сиёсатмадорони асри XX
- Сарварони асри XX