Абусаҳли Зӯзанӣ
Абусаҳли Зӯзанӣ | |
|---|---|
| Даргузашт | 1054 |
Абусаҳл Муҳаммад ибни Ҳусайн Зӯзанӣ (форсӣ: ابوسهل محمد حسین زوزنی, мулаққаб ба Шайху-л-амид; дарг. 1054) — адиб, шоир, луғатдони форс-тоҷик, аз дабирони Султон Маҳмуд ва Султон Масъуди Ғазнавӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар оилаи рӯҳонӣ таваллуд шуда, нисбат ба забону адабиёти араб таваҷҷуҳ дошт. Зӯзанӣ тавассути таълиму тарбияи фарзандони Аҳмади Маймандӣ (вазири Маҳмуди Ғазнавӣ) ба дарбор роҳ ёфт. Соли 1017 аз ҷониби Маҳмуди Ғазнавӣ дар Ҳирот сарпарасти амир Масъуд таъйин шуд. Дар Ҳирот хидматгорони амир аз болоравии нуфузи Зӯзанӣ дар назди Масъуд ҳасад бурда, ӯро бо гуноҳи қарматигарӣ дар Ғазнин зиндонӣ карданд. Баъди фавти Маҳмуди Ғазнавӣ (1030) ва ба сари қудрат омадани султон Муҳаммад Зӯзанӣ аз Ғазнин фирор карда, дар Домғон ба Масъуд пайваст. Соли 1031 дубора Аҳмади Маймандӣ ба тарғиби Зӯзанӣ мансаби вазорати дарбори султон Масъудро қабул кард. Зӯзанӣ дар аҳди вазорати Аҳмади Маймандӣ ба раёсати девони арз таъйин шуда, интиқомҷӯиро нисбат ба душманонаш оғоз кард. Нахустин қурбонии дасисаҳои ӯ Ҳасанаки вазир гардид, ки бо гуноҳи қарматӣ ба дор овехта шуд (1031). Пас аз ин Зӯзанӣ султон Масъудро водор кард ҳадяҳои бародараш Муҳаммадро, ки барои ҷалби вафодории соҳибмансабони дарбор ба онҳо бахшида буд, бозпас гирад. Зӯзанӣ соли 1032 кӯшиш кард, ки рақиби дигараш ҳокими Хоразм – Олтунтошро бо фармони Масъуд ба қатл расонад, вале сӯиқасдаш ноком шуд ва худи ӯ дар яке аз қалъаҳои Ғазнин зиндонӣ гардид. Зӯзанӣ баъди як сол аз зиндон озод шуда, муддати тӯлонӣ бо сабаби хиёнатҳояш аз дарбор дур гардид ва танҳо гоҳ-гоҳе барои машварат ба назди султон даъват мешуд. Баъд аз фавти Абунасри Мушкон (1039) Зӯзанӣ сардори раёсати девони расоил таъйин шуд, вале ба сабаби ноошно будан ба ин мансаб тамоми корҳои ин ниҳодро Абулфазли Байҳақӣ анҷом медод. Зӯзанӣ дар тасмимгириҳои муҳимми охири аҳди ҳукумати Масъуди Ғазнавӣ изҳори назар карда, ҳангоми омодагии сафари султон барои набарди зидди туркманҳои салҷуқӣ дар Марв мухолифат нишон дод. Зӯзанӣ баъди набарди Дандонақон (23 майи 1040) аз ҷониби султон Масъуд масъули пахши шӯриши Абулфазли Куринакӣ дар Хуросон таъйин шуд. Ӯ дар ҳукумати Мавдуд ибни Масъуд (ҳукумронӣ 1041–50) ва султон Абдуррашид (ҳукмронӣ 1051–53) низ раиси девони расоил буд. Пас аз қатли Абдуррашид тавассути Туғрали турк (1054) Зӯзанӣ ба мақоми вазирӣ расид. Ба қавли Байҳақӣ, ҳангоми навишта шудани ҳодисаи ба дор овехтани Ҳасанаки вазир (1058) аз фавти Зӯзанӣ чанд сол гузашта буд. Зӯзанӣ дар бадеҳагӯӣ чирадаст буд, вале аз ашъори ӯ ба ҷуз он чи, ки Байҳақӣ, Саолибӣ ва Бохарзӣ ба таври пароканда ёд кардаанд, чизе боқӣ намондааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зӯзанӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Nashat, Guity; Beck, Lois (2003). Women in Iran from the Rise of Islam to 1800. University of Illinois Press. pp. 1–253. ISBN 978-0-252-07121-8.
- Yusofi, G. H. (1983). "ABŪ SAHL ZŪZANĪ". Encyclopaedia Iranica, Vol. I, Fasc. 4. pp. 373–374. http://www.iranicaonline.org/articles/abu-sahl-mohammad-b.
- Bosworth, C. Edmund (2001). "GHAZNAVIDS". Encyclopaedia Iranica, Vol. X, Fasc. 6. London et al.. pp. 578–583. http://www.iranicaonline.org/articles/ghaznavids.
- Bosworth, C. Edmund (1983). "ABU’L-FATḤ YŪSOF". Encyclopaedia Iranica, Vol. I, Fasc. 3. pp. 287. http://www.iranicaonline.org/articles/abul-fath-yusof-b.
- Bosworth, C. E (1995). "The Later Ghaznavids: Splendour and Decay: The Dynasty in Afghanistan and Northern India 1040-1186". The Later Ghaznavids: Splendour and Decay: The Dynasty in Afghanistan and Northern India 1040-1186. ISBN 9788121505772. https://books.google.com/books?id=YhHVPQAACAAJ&q=The+Later+Ghaznavids. Retrieved 24 May 2014. Абусаҳли Зӯзанӣ