Абусаҳли Масеҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абусаҳли Масеҳӣ
форсӣ: ابوسهل عيسى‌بن‌يحيى مسيحی گرگانی
Avicenna TajikistanP17-20Somoni-1999 (cropped).png
Санаи таваллуд:

тақр. 970

Зодгоҳ:
Санаи марг:

1011(1011)

Мамлакат:
Фазои илмӣ:

пизишкӣ, ахтаршиносӣ, фалсафа ва шеър

Абусаҳли Масеҳӣ (форсӣ: ابوسهل عيسى‌بن‌يحيى مسيحی گرگانی‎, Абусаҳл Исо ибни Яҳёи Масеҳии Ҷурҷонӣ; ? - 1011) — табиби муосири Абуалӣ ибни Сино.

Зиндагинома[вироиш]

Аввал дар дарбори оли Маъмун дар Хоразм зиндагӣ ва фаъолият дошт. Абусаҳли Масеҳӣ устод ва дӯсти наздики Ибни Сино буда, дар Хоразм ҳамроҳ кор кардаанд. Ҳарду узви маҷлиси уламои Абулаббоси Маъмун буданд. Баъди истилои Хоразм аз ҷониби Султонмаҳмуди Ғазнавӣ ба аъзои «Академияи Маъмун» амр шуд, ки ба пойтахт – Ғазна гузаранд. Аммо Абусаҳли Масеҳӣ ва Ибни Сино ин пешниҳодро рад карда, соли 1012 пинҳонӣ Хоразмро тарк намуданд. Онҳо аз тариқи биёбони Қароқум роҳи Эронро пеш гирифтанд. Душвории роҳ ба саломатии Абусаҳли Масеҳӣ таъсири бад расонд ва ӯ дар он биёбон вафот кард. Мазҳабуддин Абдурраҳим ибни Алӣ гуфта, ки «… дар миёни мутақаддимон ва муттаахирин атиббои насоро надидаам аҳадеро, ки дар фасоҳати калому ҷавдати баён монанди Абусаҳл бошад». Бино ба гуфтаи Низомии Арӯзии Самарқандӣ соли вафоти Абусаҳли Масеҳӣ бо соли Хоразмро забт кардани Султонмаҳмуди Ғазнавӣ марбут будааст. Китоби машҳури Абусаҳли Масеҳӣ «Ал-миа фӣ-с-синоати-т-тиббия» аст. Он бо услуби энсиклопедӣ навишта шуда, аз се қисмат иборат мебошад. Қисмати якум ба беҳдошти ғизо ва тасвири хосияти давоҳо, қисмати дуюм ба масоили умумии тиб ва қисмати сеюм ба масъалаҳои табобат бахшида шудааст. Чанд рисолаи дигаре низ аз ӯ дар даст ҳаст. Абусаҳли Масеҳӣ дар ҳандаса, нуҷум ва ҳикмат ҳам таълифот доштааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Муҳаммад Муин, Фарҳанги форсӣ, ҷ. 5, Т., 1379 ҳ. ш.

Сарчашма[вироиш]