Абусууди Курдӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абусууди Курдӣ
Санаи таваллуд:

1488(1488)

Санаи марг:

1575(1575)

Маҳалли марг:

Истанбул

Навъи фаъолият:

нависанда

Абусууди Курдӣ ибни Муҳаммади Инодӣ (14881575, Истанбул) — шоир ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Маълумоти ибтидоиро аз падараш дар Инодияи Курдистон гирифт. Сипас барои идомаи таҳсил ба Истанбул рафт. Соли 1539 ба мансаби қозии аскар ва соли 1547 ба мансаби шайхулисломӣ расид. Абусууди Курдӣ дар баробари иҷрои корҳои давлатӣ оид ба илми фиқҳ, тафсир, риёзиёту илоҳиёт ва адабиёт рисолаҳои илмӣ иншо кардааст.

Забони осор[вироиш]

Ба забонҳои форсӣ, арабӣ ва туркӣ шеър мегуфт. Асарҳояш дар Мисру Туркия ба табъ расидаанд. Яке аз кӯчаҳои Истанбул ба номи Абусууди Курдӣ гузошта шудааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Деҳхудо, Луғатнома, ҷ. 1, Т., 1325 ҳ. ш.

Сарчашма[вироиш]