Абутоҳирхоҷаи Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абутоҳирхоҷа)
Абутоҳирхоҷаи Самарқандӣ
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1874
Маҳалли даргузашт
Кишвар

Абутоҳирхоҷа (Мир Абутоҳир ибни Абусаиди Садри Самарқандӣ ; Самарқанд1874, Кармана[d]) — муаррих, шоир ва табиби асри XIX-и тоҷик.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Абутоҳирхоҷа асарҳои «Самария» «Ахлоқи Музаффарӣ» боқӣ мондаанд. Муҳимтарин асари таърихии Абутоҳирхоҷа китоби «Самария» аст, ки солҳои 30 асри XIX таълиф шудааст. Китоб аз муқаддима ва 11 боб иборат буда, воқеаҳои таърихии Самарқанд ва навоҳии атрофи он аз давраҳои қадим то замони зиндагии муаллифро дар бар гирифтааст. Дар бораи табиати шаҳр, фаслҳои сол, олами набототу ҳайвонот, кӯҳҳову дарёҳову чашмасорон, ёдгориҳои меъморӣ маълумоти пурарзиш медиҳад. Китоби «Ахлоқи Музаффарӣ» аз васфи пайғамбар (с), ҷаҳонбинию ахлоқи мусалмонон ва атвору одоби амир Музаффар иборат мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]