Абуяъқуби Сиҷистонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абуяъқуби Сиҷистонӣ
Зодгоҳ:
Санаи марг:

970

Мамлакат:

Абуяъқуби Сиҷистонӣолим доъии исмоилия (асри 10).

Зиндагинома[вироиш]

Ӯ дар байни ҳамзамонҳои худ Абулҳайсам Аҳмад Ҷурҷонӣ, Абусулаймони Сиҷистонӣ – муаллифи китоби «Савон-ул-ҳикма», Қозӣ Нӯъмо ва дигар мақоми баланд ва обрӯи калон дошт. Сиҷистонӣ баъзан бо номи Сиҷзӣ, Сукро ҳам омадааст, ки Носири Хусрав дар асарҳои худ «Хон-ул-ихвон»(соли 255) ва «Зод-ул-мусофирин» (соли 336) ӯро бо ҳамин номҳо ёдрас намудааст. Саҳми Абуяъқуби Сиҷистонӣ дар шаклгирии ҷаҳонбинӣ ва таълимоти фалсафӣ – динии исмоилия аз тамоми пешгузаштагон бештар ба назар мерасад. ӯ аз шогирдони доъии исмоилиён Ҳамидуддини Кирмонӣ мебошад.

Асарҳо[вироиш]

Асарҳои бисёр таълиф намудааст, ки муҳимтаринашон «Кашф-ул-маҳҷуб», «Тӯҳфат-ул-мустаҷибин», «Китоб-ун-нусрат», «Суллам-ун-наҷот», «Китоб-ул-янобеъ», «Исбот-ун-нубувват», «Ки-тоб-ул-мақолид», «Китоб-ул-ифтихор» мебошанд. Носири Хусрав дар «Хон-ул-ихвон» чанд порчаи оид ба нафс навиштаи Абуяъқуби Сиҷистониро аз «Кашф-ул-маҳҷуб» овардааст. Дар ин асар бисёр масъалаҳои ҳастӣ-муносибати Холиқу махлуқ, таносуби модда ва сурат, ҷисму нафс, макон ва замон ва ғайра баррасӣ шудаанд. ӯ дар таълимоти фалсафиаш ибдоро дараҷаи баландтарин ва иллати нахустини пайдоиши олами моддӣ медонад. Ба фикри ӯ, Эзид бо роҳи ибдо берун аз макону замон бевосита Ақли аввалро офарида, сипас ба зинаҳои дигари ҳастӣ амр намудааст.

Абуяъқуби Сиҷистонӣ масъалаи қидамӣ ва беохири оламро дар макону замон эътироф карда, фанонопазирии табиатро собит намудааст. Дар ин бора ӯ навиштааст: «…мумкин нест, ки табиатро фасод андар ояд аз ҷиҳати зоти ӯ…». Вай «табоҳ гардидани табиат»-ро инкор намуда, қидами оламро дар зоту моҳияти худи олами ашёҳо пиндоштааст. ӯ мӯътақид буд, ки ҳангоми падид омадани ашёи табиӣ сурати ӯ низ бо моддаи ӯ баробар ба вуҷуд меояд. ӯ бо пешравӣ аз фалсафаи Аҳмади Насафӣ тамоюли навафлотуниро дар ислом идома додааст ва пайдоиши ҳастиро тибқи таълимоти навафлотуния ҳал намудааст. Ба фикри ӯ, нафси инсонӣ аз як тараф ба олами ақл ва аз тарафи дигар, бо набототу нафси ҳайвонӣ (ё ин ки табиат) робита дорад. Аз ин рӯ, нафс олами ашё, табиат, латоиф ва фазилати онро ба воситаи хавоси панҷгона дармеёбад. Дараҷаи баландтарини дарёфтани моҳияти ботинии олами ашёҳо хирад аст ва ин зинаи маърифат натиҷаи ягонагии онҳо мебошад. Мутафаккир масъалаи бақои нафсро аз назари динию идеалистӣ ҳал намуда, онро ба тавассути нафси нотиқа ба нафси кул пайваст мекунад. Афкори Абуяъқуби Сиҷистонӣ ба инкишофи таълимоти исмоилия дар асрҳои миёна мусоидат намудааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Додихудоев Х., Очерки философии исмоилизма, Д., 1976, ҳамон муалл., Философия крестьянского бунта, Д., 1986;
  • Волф П. Э. , Абуяқуби Сиҷистонӣ мутафаккирва доъии исмоилӣ. Тарҷумаи Фариддун Бадраӣ, Т., 1377.

Сарчашма[вироиш]