Абуҳанифаи Диноварӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абуҳанифаи Диноварӣ
ар. أبو حنيفة الدِينَوَرِي
Санаи таваллуд:

828 ё 815

Зодгоҳ:
Санаи марг:

895[1] ё 896

Мамлакат:
Фазои илмӣ:

ҷуғрофия, гиёҳшиносӣ ва филология

Абуҳанифаи Диноварӣ (Абуҳанифа Аҳмад ибни Довуд ибни Вананди Диноварӣ; тақрибан 820, Диновар895) — риёзидон, ҳайатшинос, набототшинос, файласуф, муаррих, адиб ва луғатшиноси маъруфи форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Бештари ҳаёт ва фаъолияти Абуҳанифаи Диноварӣ дар Диновар ва Исфаҳон гузаштааст. Дар Исфаҳон, аз мавзее, ки Абуҳанифаи Диноварӣ мушоҳидаҳои ситорашиносиро анҷом медод, дертар Абдурраҳмони Суфӣ дидан кардааст.

Осори илмӣ[вироиш]

Рисолаҳои зерини Абуҳанифаи Диноварӣ дар сарчашмаҳо вомехӯранд: «Китоб ал-ҷабр ва-л-муқобала» («Китоб дар ҷабру муқобала»), «Китоб ат-тахт фӣ ҳисоб-ул-ҳинд» («Китоб дар бораи тахта ва ҳисоби ҳиндӣ»), «Китоб ан-наводир-ил-ҷабр» («Китоб дар бораи нодириҳои алҷабр»), «Китоб-ул-васайа» («Китоби васият»), «Китоб-ул-ҳисоб-уд-давр» («Китоб дар бораи ҳисоби давра»), «Китоб-ул-кусуф» («Китоб дар бораи гирифти Офтоб»), «Китоб ал-азмина ва-л-амкина» («Китоб дар бораи замон ва макон»), «Китоб ун-набот» («Китоб дар бораи наботот»), «Китоб-ул-ахбор-ит-тивол» («Китоб дар бораи ахбори дароз»). «Китоб-уш-шеър ва-ш-шуаро» ва «Китоб-ул-фасоҳат» аз ҷумлаи таълифоти адабии ӯст. Абуҳанифаи Диноварӣ дар асари бисёрҷилдаи худ «Китоб-ун-набот» миқдори зиёди ашъори шоирони арабро роҷеъ ба гиёҳҳо дохил кардааст. «Китоб-ул-ахбор-ит-тивол»-и ӯ яке аз намунаҳои барҷастаи насри классикии араб буда, то замони мо пурра расидааст. Матни онро соли 1888 олими рус В. Ф. Гиргас дар Лейден ба табъ расонида буд.

Эзоҳ[вироиш]

  1. идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.

Сарчашма[вироиш]