Абуҳафcи Ҳаддод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абуҳафcи Ҳаддод
Иттилооти инфиродӣ
Зодгоҳ:

Курдобод, Нишопур

Санаи марг:

879(0879)

Wikidata-logo S.svg Вироиши Викимаълумот

Абуҳафcи Ҳаддод Умар ибни Саламаи Нишопурӣ (?- Курдобод, Нишопур879, ҳамон ҷо) — яке аз мутасаввифони бузурги Хуросон.

Зиндагинома[вироиш]

Шуғли асосиаш оҳангарӣ будааст ва аз ин рӯ, бо лақаби «Ҳаддод» машҳур шудааст. Бино ба маълумоти «Тазкират-ул-авлиё» Абуҳафси Ҳаддод дар зӯҳду риёзат, каромат ва муруввату футувват дасти тавоно доштааст. Баъзеҳо Абуҳафси Ҳаддодро суфии зоҳид номидаанд. Дар берун аз либоси пашмина пӯшидан, ки хоси суфиён буд, ибо мекард, вале дар хона бо либос ва қабои пашмина мегашт. Абуҳафси Ҳаддодро дар адабиёти суфия дар сафи нахустин пайравони маломатӣ қарор додаанд. Дар таълимоташ бештар пойбанди шариат буд ва таъкид мекард, ки солик ҳамвора аҳволу афъоли худро бо китобу суннат бисанҷад. Баъзе аз манбаъҳои тасаввуфӣ мулоқоти ӯро бо Боязиди Бистомӣ дар Бағдод зикр намудаанд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Ҳаҷвирӣ Алӣ ибни Усмон. Кашф-ул-маҳҷуб. Бо кӯшиши В. Жуковский, Т., 1979;
  • Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 5, Т., 1383.

Сарчашма[вироиш]