Абуҷаъфар Хозини Хуросонӣ
форсӣ: ابوجعفر خازن خراسانی | |
Таърихи таваллуд | 900 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 960 |
Кишвар |
|
Фазои илмӣ | ахтаршиносӣ ва риёзиёт |
Ҷойҳои кор |
Абуҷаъфари Хозин Муҳаммад ибни Ҳусайни Соғонии Хуросонӣ (форсӣ: ابوجعفر خازن خراسانی; 930—971) — файласуф, риёзидон ва мунаҷҷими форс-тоҷик.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Абуҷаъфари Хозин дар Соғон — қарияе аз ҳаволии Марв ба дунё омадааст. Соли 959 дар расадхонае, ки Абулфазли Ҳиравӣ дар Рай бино карда буд, фаъолият дошт.
Осор[вироиш | вироиши манбаъ]
Аз Абуҷаъфари Хозин осори зерин боқӣ мондааст: «Рисолатун фӣ иншо-ил-мусалласот-ил-қоимат-из-завоё-ил-мантиқ-ил-азлоъ», «Ислоҳу китоб-ил-махрубот», «Ал-бурҳон ало аш-шакл-ис-собеъи мин китоби Бани Мусо», «Тафсиру садр-ил-мақолат-ил-ошира мин китоби Уқлидус», «Фӣ истихроҷи хаттайни байна хаттайни мутаволиятайна мутаносибатайни мин-тариқ-ил-ҳандасат-ис-собитати» Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ва Насируддини Тусӣ дар «Шакл-ул-қитъа» аз асарҳои нуҷумии Абуҷаъфари Хозин сухан рондаанд. Хайём дар «Ал-ҷабр ва-ал-муқобала» қайд мекунад, ки Абуҷаъфари Хозин бори аввал муодилаҳои кубии навъи x3+a cx2-ро бо ёрии буришҳои махрутӣ ҳал намудааст. Инчунин «Китоб зиҷ-ис-сафоиҳ» («Китоби зиҷи сатҳҳо»), «Китоб-ул-масоил-ил-ададийя» («Китоби масъалаҳои ҳисоб») ном осори Абуҷаъфари Хозин дар таърихи илм маълуманд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Абуҷаъфари Хозин // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.