Абҷад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Абҷад (ар. أبجدية‎‎ - ҳарфҳои алифбо), Ҳисобу-л-ҷамал (ар. حساب الجمل‎) — тартиби махсуси алифбои арабӣ, ки аз ҳашт калимаи таркибёфта аз 28 ҳарф иборат буда, дар он ҳар ҳарф ададеро ифода мекунад.

Алиф Бо Ҷим Дол Ҳо Вов Зо Ҳо То Йо Коф Лом Мим Нун Син Ъайн Фо Сод Қоф Ро Шин То Со Хо Зол Зод Зо Ғайн
أ‎ ب‎ ج‎ د‎ ﻩ‎ و‎ ﺯ‎ ﻁ‎ ﻱ‎ ﻥ‎ ﻑ‎ ص‎ ﻕ‎ ﺭ‎ ﺕ‎ ﺥ‎ ﺫ‎ ﻍ‎
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 20 30 40 50 60 70 80 90 100 200 300 400 500 600 700 800 900 1000

Он 8 калима ин аст:

ابجد هوز حطی کلمن سعفص قرشت ﺛﺨﺬ ﻈﺿﻎ
абҷад ҳавваз ҳуттӣ каламан саъфас қарашат сахаз зазағ

Маъно ва мафҳум[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар бораи маъно ва мафҳуми ин 8 калимаи маснӯъ дар фарҳангҳо ва китобҳои оид ба таърих ақидаҳои мухталиф ва тахминие баён шудаанд, ки ҳеч гуна асоси илмӣ надоранд. Чунин тартиби ҳарфҳои арабӣ, аслан аз тартиби алифбои финиқию оромӣ баромада, ададҳои муайянро ифода мекунанд (ниг. ҷадвал). Арабҳо аз ин 8 калима 6-тои аввалро дар асоси алифбои финиқию оромӣ тартиб дода, барои ба 1000 расонидани ифодаи ададии ҳарфҳо аз 6 ҳарфи арабӣ, ки дар алифбои финиқию оромӣ вуҷуд надоштанд, ду калимаи охирин (сахаз ва зазағ)-ро сохтанд. Ифодаи рақамии ҳарфҳо аз 1 то 10 яктоӣ, аз 10 то 100 даҳтоӣ ва аз 100 то 1000 садтоӣ зиёд мешавад. Ҳарфро бо адад ва ададро бо ҳарф ифода кардан, ки абҷад ё ҳисоби ҷумал ном дошт, дар замони қадим дар ёд нигоҳ доштани санаҳоро осон ва навишти онҳоро мухтасар мекард. Ҳамин ки нуфузи ҳарфҳои арабӣ афзуд, риёзидонҳо ва мунаҷҷимон ҳам ишораи ададии ҳарфҳоро дар асоси он тартиб доданд, ки онро «Ҳисоби абҷад» ё «Ҳисоби мунаҷҷимон» низ меноманд. Абҷад дар адабиёти классикии форс-тоҷик аз давраи пайдоиши худ (асри 12) барои сохтани моддаи таърих истифода шудааст ва қоидааш он аст, ки шоир, нависанда, котиб ё муаррих барои ифодаи таърихи дилхоҳи худ ҳарф, калима, ибора, мисраъ ё байту порчаи шеъриро дарҷ мекунад, ки он «моддаи таърих» ном дошта, таърихи матлубро ифода менамояд. Тазкиранавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон Мирғуломалихони Озод дар тазкираи «Хизонаи омира» таърихи вафоти Мирзо Абдулқодири Бедилро ин тавр баён кардааст:

Сару саркардаи арбоби сухан
Аз ғамободи ҷаҳон хуррам рафт.
Гуфт таърихи вафоташ Озод:
«Мирзо Бедил аз олам рафт».

Моддаи таърих мисраи «Мирзо Бедил аз олам рафт» (میرزا بیدل از عالم رفت) мебошад, ки агар қимати ҳарфҳои онро ба ҳисоби абҷад ҷамъ кунем, аз он таърихи дилхоҳи муаллиф, ки соли 1133 ҳ. қ. (мутобиқи 1721 м) аст, берун меояд, яъне م = 40 + ی = 10 + ر= 200 + ز = 7 + ا = 1+ ب = 2 + ی = 10 + د = 4 + ل = 30 + ا = 1 + ز = 7 + ع = 70 + ا = 1 + ل = 30 + م= 40 + ر = 200 + ف = 80 + ت = 400 ҷамъ 1133 ҳ. шаҳри (мутобиқи 1721 м.).

Шоири садаи XV-и форс-тоҷик Амир Дӯсти Ҳошимӣ дар вафоти Беҳзод гуфтааст:

Агар хоҳӣ, ки таърихаш бидонӣ,
Назар афкан ба "хоки қабри Беҳзод".

Дар ин байт моддаи таърих ибораи «хоки қабри Беҳзод» (خاک قبر بهزاد) буда, ба ҳисоби абҷад адади 942-ро ифода мекунад, ки соли ҳиҷрист ва ба соли 1536 милодӣ баробар мебошад. Азбаски Абҷад аз ихтирооти мардуми араб буда, ба адабиёти форс-тоҷик роҳ ёфтааст, шоирон ҳангоми истифода аз он, асосан, қоидаю қонунҳои адабиёти арабро риоя кардаанд ва ба алифбои арабӣ чор ҳарфи форсӣ-тоҷикии پ (п), چ (ч), ژ (ж) ва گ (г)-ро ҳамроҳ кардаанд, ки дар ҳисоби Абҷад қимати ҳарфҳои арабии ب (б), ج (ҷ), ز (з) ва ک (к)-ро ифода мекунанд. Ҳисоби Абҷад баробари осон гардонидани ҳифзи таърихи воқеаҳои таърихӣ ва ихтисори сабки навишт, барои тарбияи зеҳн ва ҳофиза аҳамият дорад.

Алифбои ҳозираи абҷад[вироиш | вироиши манбаъ]

дар охири калима дар мобайни калима дар аввали калима дар алоҳидагӣ абҷад баргардонӣ
1
2 б
400 т
500 с̱
3 ҷ
8 ҳ
600 х̮
4 д
700 з̱
200 р
7 з
60 с
300 ш
90 с̣
ﺿ 800 д̣
9 т̣
900 [zˁ], [ðˁ]
70
1000 ғ
80 ф
100 қ
20 к
30 л
40 м
50 н
5 ҳ
6 в
10 й

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Асадуллоев С., Оқилов М., Абҷад ва таърихҳо, Д., 1972;
  • Абурайҳони Берунӣ, Китоб-ут-тафҳим. Д., 1973; Қосимова М., Хат ва имлои матни классики тоҷик, Д., 2000.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]