Абӯалӣ Давлатов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абӯалӣ Давлатов
Абӯалӣ Давлатов
Санаи таваллуд:

19 июн 1939(1939-06-19)

Зодгоҳ:

ноҳияи Ишкошим, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Санаи марг:

номаълум

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

педагогика

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои педагогика

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Ҷоизаҳо:

«Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1996)

Абӯалӣ Давлатов (тав. 19.06.1939, деҳаи Рини ноҳияи Ишкошим), физик, номзади илмҳои педагогӣ (1990), дотсент (1992).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1959– 1964 дар факултети физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1970–1971 лаборанти калони кафедраи физикаи назариявӣ, 1971–1974 ассистенти кафедраи физикаи умумӣ, 1974–1986 ассистенти кафедраи методикаи таълими физика, 1986–1992 муаллими калони кафедраи номбурдаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 1992 ҳамчун дотсенти кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Солҳои 1975–1979 дар шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи донишкадаи омӯзгории пойтахт таҳсил намудааст. Ҳамзамон, солҳои 1995–1997 муовини декани факултети физикаи донишгоҳи омӯзгорӣ оид ба корҳои таълим буд. Оид ба методикаи истифодаи масъалаҳои тартибдодаи хонандагон дар раванди омӯзиши физика кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 51 номгӯи корҳои илмию методӣ мебошад, ки 6 номгӯи онҳоро воситаҳои методӣ ташкил медиҳанд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1996) сарфароз шудааст.

Осор[вироиш]

  • Тартиб додани масъалаҳо ҳамчун методи таълим ва инкишофи тафаккури хонандагон дар ҷараёни машғулиятҳо // Проблемаҳои актуалии таҳсилот дар муасисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи махсус ва миёна (Маводи конференсияи илмию амалӣ), Д., 2009.