Абӯлазизи Мароғаӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абӯлазизи Мароғаӣ
Абӯлазизи Мароғаӣ
Санаи таваллуд

1567

Зодгоҳ

ш. Нойин

Санаи марг

1602

Касб(ҳо)

оҳангсози тоҷик,навозанда

Абӯлазизи Мароғаӣ (Мароғӣ, Нуриддин ибни Абдурраҳмон) – мусиқидон, навозанда, оҳангсоз, набераи мусиқидони номӣ Абдулқодири Гӯянда (Мароғаӣ). Асосҳои назарии мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Аз овони ҷавонӣ дар фарогирии шеъ-ру мусиқӣ, махсусан, сознавозӣ (барбат, қонун, ной), овозхонӣ кӯшиши зиёд намуда, сабки иҷроию таҳқиқии бобояшро идомаю такмил ме-диҳад. Ӯ муддате чанд дар шаҳрҳои Шероз, Исфаҳон, Мароға, Ҳирот зиндагӣ намуда, касби ҳунар мекунад ва аз устодони мусиқӣ нозукиҳои шеъру мусиқиро фаро мегирад. Нимаи дуввуми умри хешро дар Рум сипарӣ намуда, дар дарбори Оли Усмон аввал котибу китобдорӣ, баъдан со-зандагию хонандагӣ мекунад. Ӯ бештар дар заминаи мусиқии назарӣ кори мудовим бурда, на-тоиҷи пажӯҳишоташро дар асари назарии «На-қавоту-л-адвор» натиҷагирӣ карда, онро ба сул-тон Сулаймон (оли Усмонӣ) мебахшад. Дар ин асар нуктаҳои таҳқиқии Сафиуддини Урмавӣ, Абдулқодири Мароғӣ ва дигарон дар иртиботи қавонини созҳо, таркиботи пардавии мақомҳо (12-мақом), усули истихроҷу эҷоди онҳо дар созҳо (барбат), жанр, шаклҳои шеърию мусиқӣ ва ниҳоят таркиб ва тартиби иқоӣ (таносубҳои шеърию мусиқӣ) ва амсоли ин мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. А.М. дар ҷараёни таҳлили масоили мусиқӣ такя ба навиштаҳои бобояш («Мақоси-ду-л-алҳон», «Ҷомеъу-л-алҳон»), падараш («Ма-қосиду-л-адвор») намуда, хулосаҳои таҳлилии эшонро дар иртибот ба падидаҳои эҷодию иҷроии замонааш такмилу тақвият дода аст. Дар тафсири таркиботи торию пардавии барбат (уд) тори иловагиро бо номи «мукаммал» тавзеҳ медиҳад. Асари ӯ («Нақавоту-л-адвор») дар захи-раҳои нусахи хаттии Туркия (Нури Усмония), Британия (Бритиш музей) нигаҳдорӣ мешавад.[1]

Адабиёт[вироиш]

  • Раҷабов А. Афкори мусиқии тоҷик дар ас-рҳои XII-XV. – Душанбе, 1989;
  • Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон. – Теҳрон, 1373;
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1. – Душанбе, 1988.

Нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. – с. 18 ISBN 978-99947-49-13-3