Дастандаркорони филм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Авомили тавлиди филм)

Дастандаркорони филм (англ. Film crew) гурӯҳи наворбардорон (русӣ: Съёмочная группа), авомили тавлиди филм (форсӣ: عوامل تولید فیلم‎) — гурӯҳе аз афрод ҳастанд, ки тавассути ширкати тавлид бо ҳадафи сохтани як филм ё тасвири мутаҳаррик истихдом шудаанд. Авомили тавлид аз бозигарон, ки бояд пеши дурбини филмбардорӣ зоҳир шаванд ё барои шахсиятҳо дар филм садо ироа кунанд бозшинохта шудаанд. Ҳамин тавр авомили тавлид аз тавлидкунандаҳо ки соҳиби қисмате аз ширкати филм ё моликияти зеҳнии филм ҳастанд, ҷудошуда мебошанд. Авомили тавлиди як филм ба бахшҳои мухталиф тақсим шудааст, ки ҳар кадом дар як ҷанбаи хос аз тавлид мутахассис ҳастанд. Мавозеъи авомили тавлиди филм дар тӯли солҳо ба сабаби тағироти фанновардӣ такомул ёфтааст, аммо хеле аз корҳои суннатии авалҳои қарни бистум бо вуҷуди ҳавзаҳои қазоӣ ва фарҳангҳои филмсозӣ роиҷ ҳастанд.

Сохт тасвири мутаҳаррик дар се марҳала ба рӯшанӣ таърифшудаи пайдарпай — пеш аз тавлид, аккосии аслӣ ва пас аз тавлид — рӯй медиҳад, ки бисёре аз мавозеъи авомили тавлиди филм бо як ё дуто аз марҳалаҳо дар иртибот ҳастанд. Ҳамин тавр байни дастандркороне, ки ҳазинаҳои собит дарёфт намекунанд (авомили фаннии тавлид) ва дастандркороне, ки ҳазинаи собит дарёфт мекунанд (бозигарон, таҳиякунандагон, нависандагону коргардонон) тафовут аст. Коргардон ба унвони як ниҳоди алоҳида дар назар гирифта мешавад, на байни сохтори депортмони авомили тавлиди филм. Мавзеъҳои авомили тавлиди телевизиюн аз мавозеъи авомили тавлиди филм ҷудошуда ҳастанд[1].

Дастандаркорони филм[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз авомили тавлиди филм ба мавориди зер метавон ишора кард:

Гурӯҳи таҳия ва тавлид[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Таҳиякунанда
  • Дастёри таҳиякунанда
  • Мудирияти тавлид
  • Муҷрии тарҳ
  • Мудири тадорукот
  • Мудири иҷроии тавлид

Гурӯҳи нависандагон[вироиш | вироиши манбаъ]

Гурӯҳи коргардонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Коргардон
  • Дастёри коргардон
  • Барномарез
  • Муншии саҳна
  • Коргардони ҳунарӣ

Бозигардону аккос ё филмбардори пушти саҳна

Гурӯҳи бозигарӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Гурӯҳи саҳнаву либос[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мудири саҳна
  • Тарроҳи саҳна
  • Тарроҳи декор
  • Тарроҳи либос

Гурӯҳи чеҳрапардозӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тарроҳи чеҳрапардозӣ
  • Чеҳрапардоз
  • Мӯйоро

Гурӯҳи филмбардорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мудири филмбардорӣ
  • Филмбардор
  • Дастёри филмбардор
  • Нурпардоз
  • Дастёри нурпардоз
  • Барқкор

Гурӯҳи садо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Садобардор
  • Мудири дубляж
  • Садогузор (тадвингари садо)
  • Муҳандиси садо
  • Оҳангсоз

Гурӯҳи тадвин[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]