Австралопитекҳо
Австралопитекҳо | ||||||||
![]() «Миссис Плез» — косахонаи сари австралопитеки африқоии модина | ||||||||
Таснифоти илмӣ | ||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|
ХАБАР ДАР БОРАИ ХАТОӢ
Шаблони таксономии {{Australopithecus }} вуҷуд надорад, ки бояд мавқеи таксони Australopithecus-ро дар таснифоти биологӣ тавсиф намояд. Лутфан, параметрҳои parent ва rang-ро пур кунед. | ||||||||
Номи илмии байналмилалӣ | ||||||||
Australopithecus R. A. Dart, 1925 | ||||||||
Виды | ||||||||
Места находок | ||||||||
|
Австралопитекҳо (лот. Australopithecus, аз лот. australis — «ҷанубӣ» ва юн.-қад. πίθηκος — «маймун», «бузина») — приматҳои олиташаккули одаммонанд, ки бо ду пой ва қомати рост роҳ мегаштанд. Мағзи сари австралопитекҳо калонҳаҷм набуд (300 – 570 мл; 500 – 600 см3), баландии қоматашон 100 – 160 см, дандонҳои калон доштанд. Маҳали будубоши австралопитекҳо ландшафтҳои саваннавии саҳроӣ буданд.
Таърихи пайдоиши австралопитекҳо[вироиш]
Бори нахуст соли 1924 археолог – бостоншинос Р. Дарт боқимондаҳои бачаи 3 – 4-солаи приматро дар ҷануби шарқии Трансваали Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ пайдо карда, ба он номи Australopithecus africanus-ро гузошт. Дар даҳсолаҳои минбаъда боқимондаҳои чандин австралопитекҳои дигар дар Африкаи Ҷанубӣ ва Шарқӣ ёфт шуданд. Аксари австралопитекҳои ёфтшуда аз 4 млн то 1 млн сол пеш зиндагӣ кардаанд. Бостоншиносон австралопитекҳоро ба чанд намуд ҷудо кардаанд: аз ҷумла австралопитекҳои қадимтарин (Australopithecus afarensis ва Australopithecus vamidus) дар Африкаи Шарқӣ ва австралопитекҳои баъдӣ (Australopithecus vobustus ва Australopithecus boisei) дар Африкаи Шарқӣ ва Ҷанубӣ зиндагӣ мекарданд. Австралопитекҳои охирӣ бузургҷуссаву нерӯманд буданд ва ҷоғи пурқувват доштанд, зеро алаф, мева ва решаи растаниҳоро истеъмол менамуданд. Австралопитекҳои хурдҷусса бошанд, дар баробари истеъмоли растанӣ гӯшти ҳайвонотро низ мехӯрданд, зеро мағзи сарашон бештар тараққикарда буд, вале то ҳол маълум нест, ки онҳо худашон сайд мекарданд ё лошахӯр будаанд.
Эзоҳ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Саҳифаҳо бо умқи барзиёди ошкор
- Википедия:Статьи с переопределением значения из Викиданных
- Википедия:Мақолаҳои биологӣ бидуни таксошаблон
- Ҳайвонот аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои биологӣ бидуни ITIS
- Мақолаҳои биологӣ бидуни NCBI
- Мақолаҳои биологӣ, ки дар он ҳеҷ тағйири масир аз номи лотинии таксон вуҷуд надорад
- Приматҳо