Автомобили ҳамаҷогард

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Автомобили ҳамаҷогард — воситаи нақлиёти заминии қобилияти гузароишаш зиёд барои ҳаракат дар шароити мавҷуд набудани роҳ.

Ба автомобили ҳамаҷогард таҳвилнаворҳои тасмачарх, ботлоқгард, ядаки тасмачарх, барфу ботлоқгард, мотоҳамаҷогард, квадротсикл ва ғайра шомиланд. Автомобили ҳамаҷогард аз рӯи воситаи ҳаракат (чархдор, тасмачарх, ҳавоболин, шнеку роторӣ), муҳаррик (бензинӣ, дизелӣ), гузаштани монеа (хушкигард, дубаҳра), тарзи истифода (мусофиркаш, бору мусофиркаш, ядак) ва рамаашон (ягона, шарнирӣ, омехта) фарқ мекунад. Аввалин автомобили ҳамаҷогардро соли 1903 Я. Спайкёри голландиявӣ сохта буд. Ӯ ҳамроҳи лоиҳакаш Ф. Брандт барои иштирок дар пойгаи Париж – Мадрид автомобили сабукраве сохт, ки ҳамаи чархҳояш баранда буданд. Корҳои сохтани автомобили ҳамаҷогарди тасмачарх солҳои 1910 – 16 аз тарафи ихтироъкор А. Кегресс оғоз шуда буданд. Ӯ барои баланд кардани қобилияти гузароии автомобил аз болои барфу ботлоқ истифодаи тасмачархҳоро пешниҳод кард. Ғояи сохтани автомобили ҳамаҷогардро дар СССР соли 1936 Г. И. Покровский пешниҳод карда, соҳаҳои асосии истифодаи онҳоро нишон дод. Автомобили ҳамаҷогард, одатан, барои кашондани борҳои гуногун, гузарондани корҳои илмиву тадқиқотӣ, экспедитсияҳои геологӣ, амалиётҳои наҷотдиҳӣ ва ғайра дар шароитҳои дастнораси иқлимиву маҳаллӣ васеъ истифода мешавад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]