Автопортрет

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Автопортрети Рембрандт, тахминан 1655

Автопортрет — портрети рассом, як навъи жанри портрет, ки дар он рассом симои худашро меофарад (бо ёрии як ё якчанд оина).

Дар автопортрет рассом, одатан, тимсоли маънавӣ ва шахсияти худро кушода, зимни робитаи фарду ҷамъият қисмати ҳамзамонон, синфҳо ва табақаҳои ҷудогона, инчунин афкору ғояҳои мухталифи эҷодиро таҷассум месозад. Аксар вақт рассом автопортретро барои ҳамтарафа донистани сирату сурати хеш бо мақсади таҷрибаю ҷустуҷӯҳои эҷодӣ меофарад.

Таърих[вироиш]

Офариниши автопортрет дар санъати атиқа (Фидий) ва асрҳои миёна (ҳайкалтароши новгородӣ Аврам) маълум буд. Рассомони италиявии давраи аввали Эҳё (Мазаччо, Доменикко, Гирландайо, Ботичеллӣ) шабеҳаи худро ба сужети композитсияҳои динӣҷой медоданд. Автопортрет чун жанри ҷудогонаи портретнигорӣ дар асри 16 шакл гирифт. Автопортрет дар санъати давраи Эҳё мақоми ҷамъиятӣ ва худшиносии рассом (Рафаэл, Автопортрет Дюрер) ва дар санъати манеризм таҳрикоти олами ботиниро (Титсиан, Тинторетто) ифода мекунад. Дар автопортретҳои асри 17 тасвири драматизм ва эҳтиросоти психологӣ инкишоф ёфта, симои иҷтимоии рассом, тарафҳои гуногуни муносибати ҷамъиятию шахсӣ ва ақидаю афкори эҷодии ӯро мекушояд (Н. Пуссен, П. П. Руббенс ва Рембрандт). Дар асри 18 тасвири ҷиҳатҳои маҳрамона, муҳи­ти корӣ ва оилавӣ афзалият пайдо кард (Ж. Б. Шарден, Ҷ. Рейнолдс, Ф. И. Шубин). Бузургтарин рассомони асри 19 (Ж. Л. Давид, О. Рунге, И. Н. Крамской) дар тимсоли худ на танҳо қимати эҷодии шахс ва ҳаёти маънавии он, балки мақсаду мароми ҳамзамонон ва гурӯҳи иҷтимоии худро таҷассум кардаанд. Дар санъати реалистии пешқадами асри 20 (К. Колвите, Д. Ривера, Р. Гуттузо), ҳамчунин дар санъати тасвирии шӯравӣ (С. Т. Конёнков, М. С. Сарян, П. П. Кончаловский) автопортрети беҳтарин ягонагӣ ва равобити фарду омма ва афзудани мақоми ҷамъиятии рассомро ифода месохт. Рассомони тоҷик А. Ашӯров, Р. Абдурашидов, Н. А. Матасов низ А. офаридаанд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.