Агаханянс Окмир Егишевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Окмир
Окмир Агаханянс Егишевич
Таърихи таваллуд 5. 1. 1927
Зодгоҳ Ленинград
Таърихи даргузашт 28. 10. 2002
Маҳалли даргузашт Минск Ҷумҳурии Беларусия

Окмир Агаханянс Егишевич (таваллуд 5. 1. 1927 Ленинград – 28. 10. 2002,Минск Ҷумҳурии Беларусия Санкт-Петербург), географ, доктори илмҳои география (1968), яке аз геоботаник-ҳои барҷастаи олам, узви вобастаи Ҷамъияти байналхалқии географҳо, профессор (1969), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1990).

Солҳои фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои (1951 – 1954) котиби илмии шуъбаи фанҳои табиатшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (1954 – 1968) муаллими Институти давлатии педагогии Душанбе, УДТ ва мудири сектори геоботаникаи Пойгоҳи биологии Помир буд. Соли 1968 аз ҷумҳурӣ кӯч бастааст. Солҳои 1968 – 1971 мудири кафедраи ботаникаи Донишгоҳи давлатии Калининград ва аз соли 1971 профессор кафедраи географияи табиӣ ва мудири кафедраи геоботаникаи Институти педагогии Минск буд. Роҳбари як қатор экспедитсияҳои геоботаникии Помиру Дарвоз. Муаллифи беш аз 120 асари илмист. Асарҳои ӯ асосан ба масъалаҳои географияи набототи Тоҷикистон, хусусан Бадахшон (қисми зиёди умри хешро он ҷо гузарондааст), бахшида шудаанд. Муаллифи ғояи ҷойивазкунии ҷамоаи наботот зери таъсири баландшавии кӯҳҳо мебошад. Ғайр аз асарҳои илмӣ, инчунин маҷмӯаи қиссаҳои саргузаштӣ навишта, хотироти худро дар бораи Помир инъикос кардааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Библиография Памира. Природа, Д., 1972; За растениями по горам Средней Азии, М., 1972; На Памире. Записки геоботаника, М., 1975; Растительность Западного Памира и опыт её реконструкции, Д., 1978; Аридные горы СССР, М., 1981; Один Памирский год, записки геоботаника, М., 1987; Сарез (Озеро на Памире), Л., 1989.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]