Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
нишона
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти пешина Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мудирияти фаъолиятҳо амал мекунад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қароргоҳ Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 78.
734001
Вазири масъул Сулаймон Султонзода
Сайт anticorruption.tj

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақомоти махсусгардонидашуда ва ҳамоҳангсози мубориза бар зидди коррупсия дар Тоҷикистон.

Таъсис[вироиш | вироиши манбаъ]

Аенть бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи 2007 №143[1] бо мақсади вусъат додани мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, аз байн бурдани такроркунии вазифаву ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назорати тафтишотӣ дар заминаи Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сохторҳои мубориза бар зидди коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодии дорои хусусияти коррупсионии дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ таъсис дода шуд[2].

Роҳбарон[вироиш | вироиши манбаъ]

Роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз соли 2007 то соли 2009 Салимзода Шерхон Одина, аз соли 2009 то соли 2015 Абдуфаттоҳи Ғоиб, аз соли 2015 то соли 2017 Рустами Эмомалӣ ва аз соли 2017 то ин ҷониб Султонзода Сулаймон Саид ба уҳда дорад[3].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]