Jump to content

Агранулоситоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Агранулоситоз
ИхтисосХуншиносӣ Edit this on Wikidata
Агранулоситоз
МКБ-10 D7070.
МКБ-9 288.0288.0
DiseasesDB 8994
MedlinePlus 001295
eMedicine / 
MeSH D000380

Агранулоситоз (аз a – ҳиссачаи инкорӣ, лотинӣ granulum – дона ва юнонӣ kytos – ҳуҷайра) — дар хун нест ё ниҳоят кам шудани гранулоситҳо.

Сабабҳои беморӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Агранулоситоз ҳангоми бемориҳои сироятӣ (домана, сил, вараҷа), авитаминоз, ка­салиҳои хун, таъсири бевоситаи моддаҳои химиявӣ (масалан, буғи бензол), нурҳои ионизонанда, ҳассосии организми баъзе одамон ба дорувор (давоҳои сулфаниламидӣ, амидопирин, баъзе антибиотикҳо ва ғайра) пайдо мешавад. Баъзан агранулоситоз дар натиҷаи реаксияи аллергии организм ва ҳосил шудани аутоантителаҳо бар зидди лейкоситҳои хун низ ба вуҷуд меояд. Ҳангоми агранулоситози шадид дар пардаҳои луобӣ ва бодомакҳо ҷароҳатҳо пайдо шуда таб якбора баланд (баъзан табларза) мешавад, беҳоливу бемадорӣ рух медиҳад. Дар хун адади нейтрофилҳо кам мегардад. Агранулоситози такрорӣ бештар дар мавриди дубора қабул кардани баъзе давоҳо ва алоқамандӣ бо моддаҳои химиявӣ ба амал омада, нишонаҳои он гоҳ авҷ мегиранд ва гоҳе хомӯш мешаванд. Агранулоситозро бо роҳи хунгузаронӣ, истифодаи витаминҳо (В2, В6, В12), доруҳои гормонӣ, антибиотикҳо ва ғайра табобат менамоянд.